• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

САФО ОРАД БА ОЛАМ ҶАШНИ НАВРӮЗ
Возможно, это изображение 11 человек и текст18-уми марти соли 2024 ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса бо оростани хони наврӯзии 14 факултети донишгоҳ баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиши ҷашни Наврӯз Сафирони фавқулода ва мухтори якқатор ҷумҳуриҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикстон таъйин шудаанд ширкат намуда, аз хони наврӯзии оростаи масъулини Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуданд.
Ҳамоишро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор рафта, мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат карда, ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.
Сипас, дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо таҳияи барномаи рангини фарҳангии иборат аз шеру сурудҳои дилнишин ба қалбҳои иштирокдори ин ҳамоиш фараҳу шодӣ бахшида, меҳру муҳаббати ин ҷашни аҷдодиро боз ҳам дар қалбҳои ҷавонону донишҷӯён дучанд гардонид.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj