• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МУАЛЛИФОНИ КИТОБ ВА ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМӢ БОЯД НАМУНАИ ИБРАТ БОШАНД!

Имрӯз таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм, раиси Шурои илмӣ- методии донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методӣ доир шуд. Роҷеъ ба «Вазъи омодагии донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ» сардори раёсати илм ва инноватсия Зайдуллозода  С. гузориш дод. Таъкид шуд, ки дар ин маврид ҳайати корӣ ташкил гардида, аллакай беҳтаринҳо ба озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Оид ба «Санҷиши вазъи корҳои илмию методӣ, илмӣ ва сифати тайёр кардани мутахассисон дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ» мудири шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ Кенҷанев Ф. маълумот дод. Номбурда натиҷаи санҷиши гурӯҳи кориро ба самъи ҳозирон расонд. Гуфта шуд, ки дар баъзе кафедраҳои умумидонишгоҳӣ вазъи корҳои илмӣ ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Ба мутасаддиёни кафедраҳо  ва роҳбарони корҳои илмӣ барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат дода шуд.
Аъзои шурои илмӣ- методӣ 21 номгӯй китоб, дастур ва воситаҳои таълимиро баъди баррасии ҳамаҷониба ба нашр тавсия намуданд. Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ќарорҳои дахлдор ќабул гардид.
Дар хотима раиси Шурои илмӣ- методӣ, профессор Сангинзод Дониёр аз муаллифон даъват ба амал овард, ки дар таълифи  китоб ва дастурҳои таълимӣ ҷиддӣ ва намунаи ибрат бошанд.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj