• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

НАФАСИ ТОЗАИ НАВРӮЗ МУБОРАК БОШАД!

Ба сарзамини куҳанбунёду ҷавонниҳоди мо боз Наврӯзи оламафрӯзи муборакқадами пурофайз омад ва аз насими тароватноку атрогини он табиат дигарбора ҷавон ва сабзҷон мегардад. Воқеан, дар иди Наврӯз баробаршавии шабу рӯз як падидаи табиист. Аз ҷониби дигар, табиат зинда мегардад. Олами пир ҷавон мешавад. Кӯҳу даман сабзпӯш, дашту чаман гулпӯш мегарданд. Дар замири инсонҳо низ неруҳои покиву озодагӣ, хайру сахо, меҳру вафо рӯ мезананд. Инсон дар баробари табиат худро бори дигар ҷавону сабзҷон эҳсос мекунад. Бо омади ин фасли фархундаи гулбадоман табиат аз нав эҳё мешавад, муҳити атроф қабои сабз ба сар мекунад, инсон дар вуҷуди хеш неруи тозаро эҳсос менамояд. Чун фасли баҳор бо Наврӯз ҳамқадам аст ва Наврӯз ба баҳор накҳати тозаи мукаттар ато мекунад, аз ин рӯ, мардум онро

арӯси сол меноманд.
Имсол Наврӯзи дилафрӯз ба моҳи шарифи рамазон рост омад. Наврӯз ҳам чун ин моҳи шариф тарғибкунандаи фазилатҳои неки инсонист ва тавре дар суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин таъкид гардидааст, «ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад». Оре, Наврӯз қосиду тарғибгари корҳои хайру амалҳои солеҳ аст!

Дар замони истиқлол, ки миллати тоҷик сарнавишти давлатдориро ба дасти худ гирифт, Наврӯз дар кишвари мо шукӯҳу ҷалолашро аз нав эҳё карда бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни пуршукӯҳ ва пурҷалоли умумимиллӣ табдил ёфт. Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид шуд ва соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид онро ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард. Ҳамакнун, ки Наврӯз ба ҳайси як иди ҷаҳонӣ ба тариқи мутантан таҷлил мешавад, он фазилати дигар дорад. Қавму миллатҳои гуногуни ҷаҳонро ҳамбаста мекунад, дар замири онҳо тухми некӣ мекорад. Наврӯзи Ориё ба Наврӯзи мардуми Арабу Аҷам ва соири ҷаҳон табдил ёфта аст. Онро имрӯз дар Русияву Фаронса, Ингилистону Маҷористон, Амрикову Чин, Покистону Осиёи хурд ва дигар мамолики ҷаҳон ботантана таҷлил менамоянд ва беш аз 15 мамлакати ҷаҳон Наврӯзро чун иди миллӣ пазируфта ба суннатҳои он бо эҳтиром арҷ мегузоранд. Мардуми турктабори Осиёи Марказӣ низ онро ба ҳайси иди миллии худ ҷашн мегиранд.

Оре, Наврӯз - иди кишоварзон аст ва фазилатҳое дорад, ки натанҳо барои мардуми форсизабонии Тоҷикистону Афғонистону Эрон, балки барои ағлаби мардуми минтақаву ҳатто давлатҳои арабӣ умумияти хос доранд.

Наврӯз дар замони муосир бошукӯҳ таҷлил мегардад. Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи кишвари ориёиҳо барои ҳамбастагии ҳаммеҳаннон ва поянда нигоҳ доштани ин кеши ниёгон пайваста ҷаҳд меварзад.

Аз файзи пуртаровати Наврӯзи хуҷастафол тамоми табақаҳои ҷомеа, бавижа омӯзгорон низ баҳра мебардоранд, донаҳои умед ва махзани донишро ба ҷӯяндагони илму маърифат арзонӣ медоранд. Агар Наврӯз ҷаҳонро бо нафаси тозаву қабои сабз мунаққаш намояд, омӯзгор бо нури донишу чароғи хирад ҷаҳони маънавии донишандӯзонро мебарафрӯзад. Аз ин рӯ, омӯзгорон чун паёмоварони нури хирад ба дилҳои сарди шогирдон аз дили баҳорон муждаи шодӣ, сурур, нишот, меҳр ва муҳаббатро ба армуғон меоранд. Бошад, ки Наврӯз фурӯзандаи илму дониши башарият ва ободгари кулли ҷамъият бошад.

Имрӯз Тоҷикистони биҳиштосо ид дорад, иди эҳёи суннатҳои ниёгон, иди растохези табиат, иди арсабзии олам. Шоирони мо дар васфи Наврӯзи оламафрӯз пайваста шеър мегӯянд ва роҳи шодоб намудани дилҳоро меҷӯянд. Зеро, Наврӯз қосиди баҳор аст. Он азми соири миллат ва қавмҳои ҷаҳонро барои анҷоми амалҳои хайру сахо ҳамбаста мекунад, орзуи башариятро барои таҳкими суботу амният амалӣ менамояд.

Наврӯз ба ҷаҳон файзи таҳаммулпазирӣ, некбахтӣ, хушнӯдӣ, шодиву фараҳ меорад. Аз файзи накҳатбори Наврӯзи оламафрӯз гули ишқи хурду бузурги афроди сайёра мешукуфад, ниятҳои бад аз дилҳо зудуда мегарданд, орзуҳои неку башардӯстона ҷойгузини онҳо мегардад. Наврӯзи дилафрӯзи пурнакҳати тозанафаси байналмилал ба Шумо хуҷаста бод, ҳампешагони гиромӣ!

Аҳлиддин Ибодуллозода,

ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

free pokerfree poker

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj