• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар толори Шурои олимони донишгоҳ вохӯрии прокуррори Маркази ягонаи иттилоотҳ оид ба пешгирии терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷибекзода Зафар Мадатбек бо беш аз сад нафар ҷавонон, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнҳ баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳҳ муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимҳ Н. Айнулозода кушода, таъкид дошт, ки вохӯрии мазкур дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилҳ ва хориҷии ҷумҳурҳ” аз 28.12.2023 доир мегардад.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он масъалаи пешгирии иштироки ҷавонон дар ҳаракатҳои террористҳ, экстремистҳ ва киберҷиноятҳ нақши меҳварҳ дошт, Тоҷибекзода Зафар Мадатбек хусусияти иҷтимоҳ доштани Паёми навбатии Пешвои миллатро қайд карда, оид ба пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротҳ, ҳамчунин дар бораи ѓамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи ҷавонон ибрози андеша намуд. Барои рушди ҷавонон дар ҷумҳурҳ тамоми шароитҳо муҳайёанд, вале зуҳуроти паст будани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ҳанӯз ҳам мушоҳида карда мешавад. Ин ҷиҳатро мо дар самти иштироки баъзе ҳаммиллатони мо дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террроистҳ ва экстремистҳ дошта мушоҳида мекунем. Дар Паём бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мардум Президенти кишвар соли 2024-ро дар робита ба 30-солагии қабули Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол “Соли маърифати ҳуқуқҳ” элон намуданд. Ин иқдом ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро вазифадор месозад, ки моҳияти Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро аз худ намояд, дар бобати таҳкими сулҳу оромҳ, суботи сиёсҳ ва ваҳдати миллҳ дар кишвар сайъу талош варзад.
Надонистани қонун ва содир намудани ҷиноят шаҳрвандонро аз масъулият озод намекунад. Бинобар ин, хоҳ дар дохили ҷумҳурҳ ва хоҳ берун аз он ҷавонони моро зарур аст, ки ба ҳар як кору рафтори худ баҳои ҳуқуқҳ дода тавонанд, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯѓи созмонҳои динию мазҳабҳ, террористҳ, эктремистҳ ва дигар ҳаракатҳои ҷиноятпеша нагарданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бояд барои баланд гардидани обрӯю эътибори мамлакат талош варзанд, на ин ки бо кирдори ҷоҳилона, рафтори кӯркӯрона ба шаъну эътибори худ ва миллати тоҷик иснод оваранд.
Дар фарҷоми вохӯрҳ Тоҷибекзода Зафар Мадатбек ба кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнҳ дар татбиқи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.



 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj