• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

Возможно, это изображение 5 человек, помост и текстИмрӯз дар донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, аспирантон, магистрантону унвонҷӯён ва донишҷӯён дар мавзуи “Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 оғоз шуд. Дар сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 28 декабри соли 2023, соли 2024-ро “Соли

маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд.

Ҳадафи эълон намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” пеш аз ҳама, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, муносибати шаҳрвандон бо ҳуқуқ ва қонун, иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ, риояи якхелаи қонунҳо, иҷрои уҳдадориҳо дар назди давлат, ҷамъият, ба роҳ мондани рушди маърифати ҳуқуқӣ ва бад-ин васила коҳиш додани ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва пешгирии ҷинояту қонуншикӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, бояд ҳамагон дар риояи ќонун ва иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ пешгом бошем.

Дар ҷаласаи пленарӣ Айнуллозода Наҳтулло Айнулло – муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент дар мавзуи “Паҳншавии вабои аср – терроризм ва экстремизм ва роҳҳои пешгирии он”, Сангинзод Дониёр Шомаҳмад – муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор дар хусуси “Ифротгароии динӣ ҳамчун таҳдиди сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Сафарзода Ҳаёт Саидамир - профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 – и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Таълимоти ғайриќонунии динӣ ва ба ҳам бархӯрдани манфиатҳои абарќудратҳо ҳамчун сарчашмаи пайдоиши экстремизми динӣ”, Ҷононов Сайдамир Ҷононович - доктори илмҳои сиёсӣ, профессор роҷеъ ба “Экстремизм ва терроризм: умумият ва фарқияти онҳо” ва Қозиён Шариф Қозӣ - мудири кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор атрофи мавзуи мубрами “Асосҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ” маърӯзаҳои пуромуҳтаво намуданд.

Конфронси ҷумҳуриявӣ дар се бахш кори худро идома дода, дар маҷмуъ, 46 маърӯзаи илмиро фарогир аст. Бояд гуфт, ки терроризм ва экстремизм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оќибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боќӣ гузошта, монеи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гаштаанд. Аз ин рӯ, тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муќобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза мебаранд.

Роҳу усулҳои мубориза бо ин вабои аср дар меҳвари маќолаҳои конфронс ќарор дошта, онҳо дар шакли маҷмуаи алоҳида ба нашр мерасанд.

Конфронс ду рӯз идома мекунад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj