• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ТОЗАНАШР:
ХИРАДОИНУ МЕҲРОФАРИН
Возможно, это изображение 1 человек и текстМақолаҳои меҳрбори шогирдону ҳамкорони омўзгори собиқадор ва забоншиноси номдор, шахси зиндагиафрўзи баор ва инсони батолеи хушрўзгор Ҳотам Саидов дар китоби «Хирадоину меҳрофарин» гирд омадаанд. Дар қисмати «Шукуфаҳои меҳр» чакомаҳои хомаи олимони номдор ва шогирдони қадрдон сифатҳои неки устодро васф менамоянд. Аз мутолиаи мақолаҳои «Омўзгори варзида, деҳқони асил», «Гавҳари гаронарзиш», «Зи илмаш гул кунад, ҳар ҷо гиле ҳаст» ва «Шукуфти гули меҳр» симои муҳташами ин инсони комил ва омўзгори асил дар зеҳни хонанда падид меояд.
Бахши «Башорати малоҳат» силсилаи мақолаҳои методии устоди мушфиқу меҳрубонро дар худ ѓунҷонида, ки дилбохтагони рози дониш аз онҳо як ҷаҳон дониш мегиранд ва маъниҳои бикр мечинанд.
«Ҷилои лаҳзаҳо» роҳи паймудаи устоди гавронмояро тавассути аксҳои нодир бозтоб додааст.
Хотиррасон менамоем, ки Ҳотам Саидов аз шумори методистони варзидаи ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, ба қалами номбурда китобҳои арзишманди «Практикуми забони тоҷикӣ», «маҷмуаи диктант ва нақли хаттӣ барои синфҳои 5-11», «Маҷмуи мақолаҳои методӣ аз забон ва адабиёти тоҷик» ва г. мансубанд. Номбурда 85 сол дошта, беш аз 60 сол боз ба кори таълиму тарбия шуѓл меварзад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj