• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БАҲРИ РАСИДАН БА МУЗАФФАРИЯТҲО ИҶРО ШУД!
Возможно, это изображение 4 человека, помост и текст «無間 Асосгузорисупувацатий Aco сгузори сулхувахдат сулху вахдати мдентиЧумкурииТоч Пешвоимиплат, Пешвои миллат, денти умхурии момалй»Имрӯз бо ташаббуси муовини ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Сангинзод Дониёр, Сардори Раёсати илм ва инноватсия дотсент Зикирзода Ҳобил ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Ҳомидов Бобоҷон вохӯрии навбатӣ бо иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон-ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар ибтидо муовини ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Сангинзод Дониёр дар бораи тадбиқи амалии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати
дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ андешаронӣ намуд. Ӯ зимни суханрони хеш тазаккур дод, ки раёсати Донишгоҳ тасмим гирифтааст барои иштирокчиён дар озмунҳо аз ҳисоби устодон ва донишҷӯён тамоми имконият ва шароитҳои лозимаро ташкил намояд. Зеро яке ҳадафи асосии мо ба даст овардани ғолибият буда, муаррифии устодону донишҷӯёни боистеъдод ва нуфузу мақоми Донишгоҳ мебошад. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки раёсати Донишгоҳ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо камоли эҳтиром ва самимият муносибат намуда, ташрифи онҳоро ба Донишгоҳ баъд аз эълони ғолибият бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамояд. Дар баробари ин ғолибони озмунҳо ва роҳбарони онҳо бо маблағҳои калони молиявӣ қадрдонӣ карда шуда, хусусан устодон барои гирифтани мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ пешниҳод мегарданд.
Дар охири ҷаласа Сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Зикирзода Ҳобил ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Ҳомидов Бобоҷон баромад намуда, доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба даври ноҳиявӣ ва омодагии ҷиддӣ барои иштирок ва ба дастовардани пирӯзӣ суханронӣ намуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj