• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ИДОМАИ ВОХУРИҲОИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
(БО УСУЛИ ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ)
Возможно, это изображение 10 человек, помост и текстДар таърихи 13-уми апрели соли равон бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои муштарак бо мақсади баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар нимсолаи якуми соли 2024, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёни факултетҳо бо усули факултет ба факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Турсунзода Раҷабалӣ намояндаи Кумитаи кор бо
ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатшо Каримзода, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, Давлатзода Муслима, мудири Бахши кор бо духтарон ва бонувон, Раҷабов Дилшод раиси Шурои кураторони донишгоҳ, омӯзгорону кормандони ҷавон ва донишҷӯёни факултетҳои забонҳои романи германӣ, физика, технология, география, психология иштирок доштанд.
Вохӯриро Давлатшо Каримзода, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо ба мавзӯи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон бахшида шудааст. Инчунин қайд намуданд, ки дар донишгоҳи мо низ бо дастури ректори донтшгоҳ бо мақсади тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳанги пурғановати милии хеш тадбирҳои арзишманд роҳандозӣ гардидааст.
Сипас Қосимзода Раҷабалӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда доир ба шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифтротӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа баромад намуданд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj