• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

«Маҳорати педагогӣ»-ро бояд омӯхт

Тавре дар шумораҳои қабл иттилоъ дода будем, бо ибтикори созмони байналмилалии ЮНИСЕФ дар донишгоҳ Маркази амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ» ифтитоҳ гардидааст. Ҳадаф аз иҷрои лоиҳаи мазкур бозомӯзии муаллимони донишгоҳ ва макотиби миёнаи ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин марказ шаклу услуб ва методҳои нави замонавӣ тавассути технологияҳои пешрафтатарини ҷаҳонӣ мавриди таълим қарор мегиранд. Барои иҷрои тарҳи «Таҳкими равиши педагогӣ» як синфхонаи васеи муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ ва як утоқи дигар барои кормандон таъсис дода шуда аст.

Дар ин марказ ба ғайр аз соатҳои дарсӣ, ҳамзамон, семинару тренингҳо ва ҳамоишҳои гуногуни омӯзишӣ баргузор хоҳанд шуд. Хатмкунандагони курси бозомӯзӣ соҳиби сертификат мешаванд ва ҳангоми фаъолияти педагогӣ афзалияти онҳо бештар аст.

 

9-уми апрели соли равон ба аввалин хатмкунандагони ин марказ сертификат супорида шуд. Дар расми тақдими сертификатҳо муовини ректор оид ба тарбия Р.Бобокалонова иштирок кард ва ба итмомкардагони курс муваффақияту бурдборӣ таманно намуд.

Мавриди зикр аст, ки амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ» 14-уми ноябри соли 2013 аз ҷониби ректори онвақтаи донишгоҳ А.Раҳмонов ва роҳбари онзамонаи созмони байналмилалии ЮНИСЕФ Лайло Моширӣ ба тасвиб расида буд.

Илҳоми АБДУЛЛО

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj