менюхо | |
There are no translations available. ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ба номи САДРИДДИН АЙНӢ
ШАРТНОМАИ №_____________ оид ба тайёр намудани мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбӣ
ш.Душанбе «_____»______________соли 20_____ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар дар шахсияти ректори он Юсуфзода Носирҷон Салимӣ, ки дар асоси «Оиннома» амал мекунад, (минбаъд донишгоҳ) аз як тараф ва шаҳрванд ________________________________________________________ (насаб, ном ва номи падар) _________________________________________________________________________ки (минбаъд донишҷӯ) аз тарафи дигар ин шартномаро бо мазмуни зерин имзо намуданд; 1. Мавзӯи шартнома Мавзӯи шартномаро муносибати тарафайни донишгоҳ ва донишҷӯ оид ба таҳсил дар донишгоҳ тибқи пардохти маблағи таҳсил ташкил менамояд. 2. Уҳдадориҳои тарафҳо 2.1. Донишгоҳ уҳдадор аст: 2.1.2. Мувофиқи қоидаҳои қабул донишҷӯро барои таҳсил ба факултети _____________________________________ ихтисоси ___________________ _______________________________________шуъбаи ___________________ қабул намояд; 2.1.2. Таҳсилро бо забоне, ки донишҷӯ аз рӯи ихтисос интихоб намудааст, таъмин намояд; 2.1.3.Назорати мунтаззами таҳсили донишҷӯро дар шакли рейтинг, санҷиш ва имтиҳон мутобиқи нақшаи амалкунандаи таълимӣ ба роҳ монад. Агар донишҷӯ барномаи таълимиро пурра аз худ намуда, имтиҳони давлатиро супорида, рисолаи дипломиро дифоъ намояд, ба ӯ мувофиқи ихтисосаш диплом ва нишони сарисинагӣ диҳад. 2.1.4. Донишҷӯро бо Оиннома ва қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ шинос намояд. 2.2. Донишҷӯ уҳдадор аст: 2.2.1.Барои қабул шудан ба донишгоҳ ба комиссияи қабул мувофиқи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳуҷҷат пешниҳод намояд; 2.2.2. Маблағи барои соли таҳсили 20___/20___ муқарраршударо дар ҳаҷми _________ сомонӣ ба суратҳисоби 20204972712010100002 к/с 22402972000002, БИК 350101800, РМА 020008795, Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад. Ҳамасола то саршавии соли таҳсили нав бояд маблағи таҳсилро пардохт намояд. 2.2.3. Довталаб барои супоридани имтиҳон баъд аз ворид шудани маблағ ба суратҳисоби донишгоҳ роҳ дода мешавад. Дар сурати «ғайриқаноатбахш» шудани натиҷаи имтиҳон маблағи дар шартнома пешбинишуда бо нигоҳ доштани 2% аз ҳаҷми умумии маблағи пардохтшуда ба довталаб баргардонида мешавад: 2.2.4. Донишҷӯ талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», «Оинномаи донишгоҳ» ва «Қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ»-ро риоя намуда, талаботи нақшаи таълимиро пурра аз худ намояд, санҷишу имтиҳонҳоро дар вақти муайяншуда супорад. Дар сурати зарари моддӣ расонидан ба донишгоҳ талафи зарарро ҷуброн менамояд. 2.2.5. Дар дохили биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, роҳрав ва толорҳои донишгоҳ носу сигор накашад, нӯшокиҳои спиртиву маводи мадҳушкунанда истеъмол нанамояд, аз телефони мобилӣ истифода набарад; 2.2.6. Донишҷӯе, ки аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ интиқол меёбад, маблағи таҳсилро мувофиқи арзиши таҳсил дар курсе, ки интиқол меёбад ба донишгоҳ пардохт менамояд. 3. Қоидаҳои дигар 3.1. Мутобиқи банди 145-и «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълими таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 11-и «Қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ» донишҷӯе дар ҳолатҳои зерин аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад: - бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ; - бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар; - барои давомоти нокифоя (зиёда аз 36 соат дар як нимсола); - барои қарздории академӣ; - дар ҳолати истифода бурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим ва дохил шудан ба ҳудуди биноҳҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ бо нақлиёт; - барои содир кардани ҷиноят, пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд; - дар сурати саривақт напардохтани маблағи таҳсил тибқи шартнома; - бо сабаби дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани се ва ё зиёда аз он санҷишу имтиҳонҳо; - дар сурати расонидани зарари моддӣ ба донишгоҳ; - дар сурати иштирок накардан дар таҷрибаи омӯзгорӣ ё истеҳсолӣ; -барои вайрон кардани талаботи «Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ»; -барои вайрон кардани раванди таълиму тарбия, Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи донишгоҳ; Дар ҳолатҳои дар боло зикршуда маблағи пардохташуда ба донишҷӯ баргардонида намешавад. 3.2. Донишҷӯ, ки бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ хориҷ мегардад барои аз нав барқарор шудан бо донишгоҳ шартномаи нав баста, маблағи таҳсилро дар ҳаҷми хароҷот мувофиқи соли таҳсил пардохт менамоянд. 3.3. Донишҷӯ, ки ба рӯхсатии академикӣ, ба хизмати ҳарбӣ ва инчунин бо сабаби беморӣ таҳсилро идома дода наметавонад, аз имконоти аввалааш (аз шартномаи аввалааш) истифода мебарад. 4. Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ва қатъ гаштани шартнома 4.1. Илова ва тағйирот ба ин шартнома бо ризоияти тарафҳо бо роҳи тартиб додани протокол сурат мегирад, ки он қисми таркибии шартномаи мазкур мешавад; 4.2. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани масъалаҳои баҳсталаб ё ихтилоф, тарафҳо онро бо роҳи гуфтушунид ё ба воситаи мақомоти судӣ ҳал менамоянд. 4.3. Шартнома аз лаҳзаи ба имзо расиданаш қувваи қонунӣ пайдо менамояд ва мавриди истифода қарор дода мешавад. 4.4. Шартномаи мазкур дар 3 нусха, ки аҳамияти баробари ҳуқуқӣ доранд, тартиб дода шудааст.
|