менюхо |
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
ШАРТНОМА (оид ба тайёр намудани мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбӣ)
«_____»_______соли 20_____ №________ ш. Душанбе
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» (минбаъд Донишгоҳ) дар асоси иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ АУ______________________, ки аз «_____»_________соли 2023 то «_____»________соли 2028 эътибор дорад) дар шахси ректор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ки дар асоси Оинномаи донишгоҳ амал мекунад, аз як тараф ва шаҳрванд - довталаб__________________________________________________________________________________ (насаб, ном ва номи падар) (минбаъд Донишҷӯ) аз тарафи дигар, ки дар якҷоягӣ «Тарафҳо» номбурда мешавад шартномаи мазкурро бо мазмуни зерин ба имзо расониданд: 1.МАВЗУИ ШАРТНОМА 1.1.Донишгоҳ дар асоси меъёрҳои шартнома ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон хизматрасонии таълимиро ба донишҷӯ таъмин мекунад. Донишҷӯ бошад, уҳдадор мешавад, ки қоидаҳои ҷараёни таълимро риоя кунад ва маблағи шартномаи таҳсилро сари вақт пардохт намояд. 2.УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО: 2.1.ДОНИШГОҲ УҲДАДОР АСТ: - бо назардошти талаботе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда шудааст, Донишҷӯро ба сафи донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, фосилавӣ, ғоибона ё магистратура аз рӯйи ихтисос __________________________________________________
_______________________________________________________________________________________
________________________________________________________ қабул намояд. - фарогирии барномаи асосии таълимии таҳсилоти олии касбии мазкурро дар ______ сол бо забоне, ки донишҷӯ аз рӯйи ихтисос интихоб намудааст, таъмин намояд. - шароитҳои зарӯриро барои гирифтани дониш, малака ва таҷриба, ки мутобиқи муқаррароти мавҷуда пешбинӣ шудааст, ба Донишҷӯ муҳайё намояд; - баъди ба итмом расонидани курси пурраи таълимӣ, супоридани имтиҳони давлатӣ, пардохти пурраи маблағи таҳсил ва ҳимояи рисолаи хатм ба донишҷӯ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом) дар бораи хатми зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва нишони сарисинагӣ супорад; 2.2.ДОНИШҶӮ УҲДАДОР АСТ: - бо мақсади ба донишгоҳ кабул шудан ба комиссняи кабул хуҷҷат пешниҳод намояд; - пас аз ба имзо расониданн шартномаи мазкур (то оғози соли таҳсил) маблағи солонаи таҳсилро, ки дар ҳаҷми ________ сомони муқаррар шудааст, ба таври нақдӣ ё ғайринақдӣ ба суратҳисоби донишгоҳ пардохт намояд. Пардохти маблағи солонаи таҳсил, на дертар аз 10 рузи тақвимӣ баъди бастани шартномаи мазкур ба роҳ монда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ, бо иҷозати ректори донишгоҳ пардохти маблағи шартномаи таҳсил на зиёда аз ду маротиба, қисм ба қисм (50% дар ду марҳила) пардохт карда мешавад; - барномаҳои таълимиеро, ки барои тахассуси касбиаш пешбни шудааст, аз худ намояд; - дар мавриди аз натиҷаи сессияи имтиҳонӣ қарздор шудан бо пардохти маблағи муайяншуда вобаста ба ҳаҷми кредитҳо қарзҳои академиро дар сессияи иловагӣ (триместр) бартараф намояд. - талаботи Оиннома, Қоидаҳои донишҷӯи барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва оилии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои тартиботи дохилии Донишгоҳ, Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, низомномаи хобгоҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва дохилидонишгоҳиро риоя намояд. - ба донишгоҳ бо мошини шахсӣ наояд ва дар дохили бинои таълимӣ, хобгоҳ, роҳрав ва толорҳои донишгоҳ нос ё сигор накашад, нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол нанамояд ва аз телефони мобилӣ дар раванди таълим истифода набарад; - дар муҳлати муқарраргирдида маблағи таҳсилро пардохт намояд ва тибқи ҷадвали дарсӣ дар машғулиятҳои таълимӣ иштирок намуда, талаботи барномаҳои таълимии самт (ихтисоси) интихобкардаашро аз худ намояд; 3.МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО 3.1.Тарафҳо барои иҷро накардан ё ғайриқаноатбахш иҷро намудани шартҳои баёншуда дар асоси муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгаранд. 3.2.Дигар хизматрасониҳое, ки дар шартномаи мазкур дарҷ нагардидаанд, вале Донишгоҳ ҳуқуқи амалӣ намудани онро дорад, тавассути қарордоди алоҳидаи тарафҳо муайян карда мешавад. 4.ШАРТҲОИ ДИГАР 4.1.Раёсати донишгоҳ мутобиқи талаботи банди 11-и моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баьд аз муассисаи олии таълимӣ» ва талаботи дигари санадҳои меъёрии ҳуқукӣ доиишҷӯро бо сабабҳои зерин аз доиишгоҳ хориҷ менамояд: - барои давомоти нокифоя (зиёда аз 48 соат бе сабабҳои узрнок иштирок накардан ба дарсҳо); - ҳангоми доштани қарзи академӣ; - пас аз рухсатии академи ба таълим шурӯъ накардан; - бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар; - дар ҳолати сари вақт пардохт накардани маблағи шартномаи таҳсил мувофиқи шартнома; - дар ҳолати сари вақт насупоридани сессияи санҷишу имтиҳонҳо; - пас аз эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд барои содир намудани ҷиноят; - дар сурати бо идора намудани воситаҳои нақлиёти шахсӣ ба ҳудуди биноҳои таълимӣ донишгоҳ ҳозир шудан; - бинобар взъи саломатӣ дар асоси хуҷҷати тиббию машваратӣ; - пас аз вафот; - барои вайрон кардани талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», «Қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ» ва талаботи Оинномаи муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ». 4.2.Дар сурати хориҷ шудани донишҷӯ маблағи пардохтнамуда, баргардонида намешавад. 4.3.Ҳангоми интиқол намудан, хориҷ ва аз нав барқарор гардидан маблағи шартномаи таҳсили донишҷӯ тағйир меёбад. 4.3.Донишҷӯе, ки аз дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба донишгоҳ ё аз як факултет ба факултети дигар интиқол меёбад, маблағи таҳсилро новобаста ба курси тавсиягардидааш тибқи нархномаи соли нави таҳсил бо бастани шартномаи нав пардохт менамояд; 4.4.Дар сурати ғайриқаноатбахш шудани натиҷаи суҳбат - озмун, имтиҳони қабул ва ё бозпас гирифтани ҳуҷҷат аз ҷониби довталаб (донишҷӯ) то 25 август 21%-и маблағи пардохтшудаи шартномаи таҳсил нигоҳ дошта мешавад. Дар сурати баъд аз 26 август пас аз ба тасвиб расидани фармоиши қабул бозпас гирифтани ҳуҷҷат 50%-и маблағи пардохтшудаи шартномаи таҳсил ба донишҷӯ баргардонида намешавад. 4.5.Тағйиру иловаҳо ба шартномаи мазкур бо розигии тарафҳо бо тартиб додани санад ё бастани шартномаи нав сурат мегирад; 4.6.Шартномаи мазкур дар 2 нусхаи якхела баста шуда, ҳарду нусхаҳо аҳамияти баробари ҳуқуқӣ доранд ва як нусхагӣ дар дасти тарафҳои он нигоҳ дошта мешавад.
7.СУРОҒАИ ҲУҚУҚИИ ТАРАФҲО ДОНИШГОҲ ДОНИШҶӮ 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, Ному насаб_____________________________ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ________________________________________ ба номи Садриддин Айнӣ, суратҳисоби бонкӣ Нишонӣ________________________________ 20204972712010100002, к/c 22402972000002, ________________________________________ БИК 350101800, РМА 020008795, ________________________________________ Сарраёсати хазинадории марказии Шиноснома №__________________________ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ________________________________________ Ректор__________________________ Имзо___________________________________ Сармуҳосиб_____________________ |