• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛБИ МАГИСТРОНИ ДОНИШГОҲ БА ОМӮЗИШИ РОЙГОНИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
Возможно, это изображение 2 человека, помост и текстЗамони муосирро бе донистани забонҳои хориҷӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Алалхусус, донистани чанд забони хориҷӣ, аз қабили забонҳои русӣ ва англисӣ барои насли имрӯз шарт ва зарур мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дарк намуда, ҳамеша ҷавононро ба забономӯзӣ ташвиқу тарғиб менамоянд. Зеро, забономӯзӣ ин оғози роҳ ба сӯи муваффақият мебошад.
Дар робита ба ин, бо дастури Ибодуллозода Аҳлиддин - ректори Донишгоҳи
давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва сешанбе барои магистрон аз ҷониби омӯзгорони муассиса дарсҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор мегардад.
Ин тадбир бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон амри зарурӣ буда, имкон фароҳам меорад, то кадрҳои забондону бо дониши муосир мусаллаҳ омода гарданд.
Албатта, љиҳати ҳамқадам шудан бо ҷомеаи пешрафта бояд ба масъалаи забономӯзии ҷавонон ва махсусан, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар ин замина, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби донишҷӯён, магистрантон, докторантон (PhD), омӯзгорон ва кормандони ин даргоҳи илм зери таваҷҷуҳи махсуси раёсати Донишгоҳ қарор дорад.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj