Хабарҳо |
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ФАЛСАФА ВА ФАРҲАНГШИНОСӢ
Санаи 17.04.2024 тибқи барномаи конференсияи илмӣ-амалии ҳайати омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ва фарҳангшиносӣ конференсияи илмӣ-амалии ҳайати устодону донишҷӯён бахшида ба “Ҳафтаи илм”, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои
2020-2024)” бо иштироки Сардори раёсати илм ва инноватсия н.и.ф. дотсент Зикирзода Ҳобилҷон ва намояндагони раёсати илм баргузор гардид, ки маърӯзаҳои ҷолибу пурмазмуни устодон шунида шуд, ки аз ҷумлаи онҳо мудири кафедра, н.и.ф, дотсент Саидова Г.З., д.и.ф. дотсент Бердиев Ш. П., н.и.ф., дотсент Шомуродов Б., н.и.ф., дотсент Кенҷаева Л.Э., н.и.ф., дотсент Маҳмудова Ф. Ҳ. н.и.ф., дотсент Иброҳимов Ф., н.и.ф. Вализода Ш., н.и.ф. Давлатова О. ва ҳамчунин ассистентон Алимардонова Зулайхо ва Файзуллоев Х. ва ғайраҳо. Дар баробари ин донишҷӯёни устодони кафедра низ бо мақолаҳои пурмуҳтавояшон дар дараҷаи олӣ баромад намуданд. Конференсияи илмӣ-амалии кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ дар дараҷаи олӣ гузаронида шуд!
|