Хабарҳо |
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ФАННИ ГЕОГРАФИЯ ВА ТУРИЗМ
Мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ санаи 18-уми апрели соли ҷорӣ дар конференсияи илмӣ-амалии факултети химия дар кафедраи химияи органикӣ иштирок намудам. Конференсия тибқи нақша соати 11-00 оғоз ёфта, то соати 12- 35идома пайдо кард. Дар кори конференсия тибқи барнома маърузаи 7 нафар омӯзгор ва 8 нафар донишҷӯ маърузаҳои худро омода намуда буданд. Дар
кори конференсия 1 нафар донишҷӯ бо забони русӣ ва 7 нафар бо забони тоҷикӣ баромад намуданд. ҳамзамон бояд қайд кард, ки донишҷуён маърузаҳои хешро тариқи тахтаи эелктронӣ ироа намуданд. Дар маҷмуъ конференсияи илмӣ-амалӣ дар кафедраи методикаи методикаи таълими фанни география ва туризм дар сатҳи хуб гузаронида шуда, дар анҷоми ҳар маъруза суолу ҷавоб ва назару андешаҳои ширкатдорон, хусусан донишҷӯён, ба чашм мерасид.
|