• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ТОЗАНАШР:ПАЖУҲИШҲОИ ПУРАРЗИШ ДАР “АНВОРИ ДОНИШ”
Возможно, это изображение текстДар шумораи нави маҷаллаи илмии “Анвори дониш”- и кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ силсиламақолаҳои марбут ба масоили забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ гирд омадаанд. Дар мақолаҳои “Нақши забони миллӣ дар ташаккули худшиносии ҷавонон ва донишҷўён”, “”Калимаҳои антонимӣ дар шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ”, “Заминаҳои пойдорӣ ва рушди забони тоҷикии форсӣ то давраи Сомониён”, “Ҳамбастагии суннатҳои овозхонӣ ва мусиқӣ дар ашъори Озарахш”, “Адабиёт ва арзишҳои маънавӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ ва зўроварӣ”, “Ҳунари нигорандагӣ ва сабки Сорбон дар эҷоди ҳикоя”, ”Тарҷумаи рубоиёт ва муфрадоти Саъдӣ” ва ѓ. бозёфтҳои навини илмиро дарёфтан мумкин аст.
Баррасӣ ва пажуҳиши масъалаҳои умдаи соҳаҳои забон ва адабиёт бо дидгоҳи тоза меҳвари аслии мақолаҳои маҷмуаро ташкил медиҳад. Он барои пажуҳишгарони соҳа, устодони донишгоҳҳо, унвонҷўён, ҳаводорони забон ва адабиёт ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj