• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ТАШРИФИ РОҲБАРИ ДОНИШКАДАИ ГЁТЕИ ОЛМОН БА ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Возможно, это изображение 8 человек и текст29-уми апрели соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо Роҳбари минтақавии донишкадаи Гиёте хонум доктор Уҳлиг Ҳайке аз Мюнхени Олмон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф, Сардори бахши забони олмонии донишкадаи Гёте дар Тошканд Дилдора Муҳаммадаминова, Атташеи фарҳанги Сафорат Яна Тисс, кордори сафорат оид ба фарҳанг, матбуот ва сиёсат Афзалшоҳ Ҷабборов дар доираи ташриф мулоқот анҷом дод.
Маврид ба зикр аст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми омӯзиши забон ва фарҳанги Олмон, рушди омӯзиш ва тақвияти ҳамкориҳо дар самти илмиву таҳқиқотӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои тавсеаи масъалаҳои мазкур изҳори назар намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо омодагии худро дар даъват намудани омӯзгорони касбӣ аз Ҷумҳури Федеративии Олмон ба донишгоҳ, густариши робитаҳои адабиву фарҳангӣ, фиристодани омӯзгорону донишҷӯёни донандаи забони олмонӣ ба ин кишвар ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи забондонии онҳо, ифтитоҳи Маркази фарҳангии Олмон дар назди кафедраи забони олмонӣ ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин ҷиҳати бастани созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи Гётеи Олмон изҳори назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 2-юм ва 5-уми майи соли ҷорӣ дар донишгоҳ бузургтарин Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забони олмонӣ баргузор хоҳад шуд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj