• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 25 январи соли 2024 такид шудааст, ки “Тибқи санҷишҳои Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 зарари молиявӣ дар ҳаҷми 672 миллион сомонӣ ошкор гардидааст, ки хеле ташвишовар мебошад. Аз ҳаҷми умумии зарари молиявии ошкоргардида 660 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 504 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти прокуратура дар соли сипаригардида зарари молиявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 461 миллион сомонӣ муайян ва ба буҷети давлат барқарор гардидааст”.

 

Дар заминаи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон мекунем, ки соли 2016 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муайян намудани сатҳи коррупсия дар миқёси мамлакат пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд. Натиҷаи пурсиш муайян намуд, ки аз шумораи умумии иштирокчиён зиёда аз 34 ҳазор нафар ё 39 фоиз сатҳи коррупсияро дар мақомоти идоракунии давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ баланд арзёбӣ намудаанд, ки ба соҳаҳои заминсозӣ 39 фоиз, тандурустӣ 35 фоиз, маориф 25 фоиз, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 36 фоиз ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 34 фоиз рост меояд.

Зуҳуроти коррупсия дар соҳаи маориф ба амнияти давлат таҳдид мекунад. Коррупсия дар ин соҳа ба соҳаҳои дигари ҷомеа таъсир мерасонад. Масалан, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ҳамасола мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи тандурустӣ, саноат, амният ва ғайра мешаванд. Дар сурати паҳн шудани коррупсия дар низоми таҳсилоти олӣ раванди таълим ба деформатсия дучор шуда, фаъолияти таълим ба муомилае мубаддал мегардад, ки дар он дигар ба дониши воқеӣ ва маҳорати мутахассиси оянда аҳммият дода намешавад. Дигар омӯзиш ва гирифтани дониш не, балки муомилоти хариди диплом мемонаду халос.  Дар шароити паҳншавии коррупсия дар соҳаи маориф хатари деформатсияи шуури ҳуқуқии донишҷӯён низ вуҷуд дорад, ки онҳо дар оянда талқинкунандаи рафтори ҳуқуқӣ не, балки рафтори коррупсионӣ мегарданд.

Коррупсия дар соҳаи маориф боиси табақабандии назарраси иҷтимоӣ мегардад. Некуаҳволии иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро сифати таҳсилоти аъзни он муайян мекунад. Дар баробари поин рафтани сифати таҳсил хатмкунандагони беихтисос ба бозори меҳнат ворид мешаванд, ки дар натиҷа рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ коҳиш меёбад. Дар замони ҷаҳонишавии асри 21 таҳсилоти олӣ омили асосии ояндаи кишвар мебошад. Эҳёи низоми маориф бояд дар ташаккули насли нави кадрҳои касбӣ нақши ҳалкунанда бозад.

Хавфи коррупсия дар муҳити таълимӣ дар паҳншавии оммавӣ ва хусусияти системавии он аст. Танҳо дар марҳилаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тибқи маълумоти ЮНЕСКО мизони фасод аз 520 миллион  то 1,5 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Ҳамин тариқ, ҷузъи коррупсионии соҳа бо буҷети як давлати хурд қобили муқоиса аст. Тавре ки амалияи иҷтимоӣ нишон медиҳад, ҷомеаи муосир ба омодасозии босифати кадрҳо барои иқтисоди бозорӣ ва соҳаи иҷтимоӣ манфиатдор аст. Аммо мавҷудияти коррупсия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ на танҳо ба зиёд шудани шумораи «мутахассисон»-и аз ҷиҳати касбӣ номуносиб мусоидат мекунад, балки сатҳи умумии таҳсилотро паст карда, боиси паст гардидани обурӯи мухахасису донишгоҳ мегардад.

Дар илм айни ҳол барои ифодаи амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ибораи "коррупсияи академӣ"-ро мавриди истифода қарор медиҳанд. Истилоҳи "коррупсияи академӣ" бо истилоҳи "коррупсия дар мактабҳои олӣ" синоним нест. Коррупсияи академӣ танҳо як қисми муайяни коррупсияро дар таҳсилоти олӣ ташкил медиҳад. Коррупсия дар низоми таҳсилоти олӣ ҷанбаҳо ва ҷузъҳои дигарро дар бар мегирад. Масалан, коррупсия дар сохтмони биноҳои таълимӣ, истифодаи ғайримақсаднок ё нодурусти маблағгузории давлатӣ ва ғайра.

Коррупсияи академӣ амалҳо ва амалиётҳои ғайриқонуниро дар бар мегирад, ки ҷузъи раванди таълим ё бевосита ба раванди таълим алоқаманданд. Ин амалҳо аз инҳо иборатанд:

-баҳодиҳии ғаразноки довталабон ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳ ва баракс;

- баҳодиҳии ғаразноки дониши донишҷӯён, аз ҷумла ҳангоми имтиҳон, супоридани корҳои курсӣ, реферат  ва дастовардҳои ҷорӣ дар таълим, ҳимояи рисолаҳо ва гирифтани диплом, додани тахассус ва ғайра;

- фиреб дар имтиҳонҳо бо роҳи нодуруст додани ҷавоби саволҳои тестӣ ва баракс ё мондани ишораҳои махсус;

- бар ивази маблағ иштирок накардан дар дарс ва ҳатто имтиҳонҳо;

- гузаронидани донишҷӯён аз гурӯҳи шартномавии таълим ба таҳсилоти буҷетӣ ва ҳангоми гузариш ба ихтисос ва ё факултети ё ин ки донишгоҳи дигар;

- ҳангоми хориҷ кардан ва барқарор намудани донишҷӯ, магистр, унвонҷӯ;

- нусхабардорӣ кардани асарҳои дигарон ва аз они худ намудани он (асардуздӣ);

- қалбакӣ кардани маълумоте, ки дар тадқиқоти илмӣ истифода мешаванд;

- «ҷонҳои мурда» ё муаллимоне, ки дар донишгоҳҳо ба таври расмӣ, дар шакли дафтарчаи корӣ ҳузур доранд;

- арзёбии ғаразноки омӯзгорон ҳангоми ба кор қабул кардан ё пешбарӣ кардан дар мансаб ва ғайра.

Ҷанбаҳои ҳуқуқии пешгирии коррупсия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин мебошанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия", Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъсиси Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)",  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Муқовимат ба коррупсия - фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ аст.

Пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;

2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;

3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;

4) мониторинги зиддикоррупсионӣ;

5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ;

7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;

8) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;

9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.

Имрӯз коррупсия дар низоми таҳсилоти олӣ ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст ва ҷомеаи илммеҳвар бояд ҳам хусусиятҳо ва ҳам зуҳуроти инфиродии онро омӯзад. Бо вуҷуди ин, хатари коррупсия дар низоми таҳсилоти олӣ хеле бузург аст. Аз сабаби паҳн шудани онҳо табибони дорои дониши номукаммал метавонанд дар беморхонаҳо кор кунанд, мансабдорони эҳтимолӣ дар муассисаҳои давлатӣ ба кор дароянд ва хонаҳоро сохтмончиёни камсавод созанд. Ба ин далел, зарурат ба назар мерасад, ки барои таъмини амнияти зиддикоррупсионии низоми таҳсилоти олӣ дар ин мавзуъ пажуҳиши иловагӣ анҷом дода шавад.

Бо ин мақсад аз ҷониби ДДОТ ба номи С.Айнӣ лоиҳаи илмии таҳқиқотӣ дар мавзуи “Ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирии коррупсия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ” барои солҳои 2025-2029 омода гардид ва аз соли 2025 тадбиқи он оғоз мегардад. Чунки то кунун дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ амалҳои коррупсионӣ пурра аз байн нарафтаанд. Ба назари мо, ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ,  аввалан, боиси паст гардидани савияи донишу саводи донишҷӯён мегардад, дуввум, муҷиби рушд накардани донишҳои рӯзафзуни устодон мешавад, сеюм, сабаби дар бозори рақобатпазири меҳнат ҷой наёфтани хатмкардагони донишгоҳои мамлакат хоҳад шуд. Мутахассиси соҳибкасб набудани хатмкардагони донишгоҳҳо, ба дараҷаи зарурӣ надонистани забонҳои хориҷӣ, бо донишҳои замони муосир мусаллаҳ набудани онҳо ва бо сабаби паст будани савияи дониши тахассусӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани аксари хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро маҳз аз ҳамин ҷо бояд ҷӯст.

Дар лоиҳаи мазкур омӯзишу пажӯҳиши ду масъалаи меҳварии бо ҳам алоқаманд- роҳҳои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии донишҷӯёну устодон ва роҳҳои коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ   дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мавриди интихоб қарор гирифтаанд. Зеро агар донишҷӯёну устодон аз донишҳои ҳуқуқии соҳавӣ баҳравар нагарданд, коҳиш додани сатҳи коррупсия ғайриимкон аст. Ба ин васила, ин ду омил дар ҳамбастагӣ барои коҳиш додану решакан намудани фасод дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мусоидат менамоянд.

Дар лоиҳаи «Ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирии коррупсия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ” иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

1. Омӯзиши омилҳои рӯ овардани донишҷӯёну устодон ба амалҳои коррупсионӣ;

2. Баррасии илмӣ ва гурӯҳбандии мавзуҳои  умумии марбута дар матолиби чопии муосир ва муайян намудани вижагии онҳо;

3. Дар чаҳорчӯбаи таҳқиқи илмӣ нишон додани алоқамандии мавзуи ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирии коррупсия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар ҳамчун василаи рушди устувори ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ;

4. Дар заминаи таҳлили осори илмиву таълимӣ ва публитсистӣ нишон додани нақши шахс (Пешвои миллат) дар омӯзиш, коҳиш ва решакан намудани ҳама гуна аъмоли коррупсионӣ дар ҷомеа;

5. Тариқи таҳлилу баррасиҳои муқоисавӣ муайян намудани сатҳу дараҷаи инъикоси мавзуи мавриди таҳқиқ дар асарҳои алоҳида;

6. Муайян намудани инъикоси раванди коҳиши амалҳои марбут ба фасод дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар дар замони истиқлол;

7. Муайян кардани сатҳи илмият (таърихият) ва оммавияти асар ва дастурҳои таълими  марбут ба мавзуи мавриди назар;

8. Бо истифода аз имконоти технологияи нави муосир бунёд намудани захираҳои электронии маводи илмиву таълимӣ, публитсистӣ ва илмӣ, коркарди усулҳои дастрасӣ ба онҳо;

9. Тариқи баргузории чорабиниҳоии илмиву амалӣ (конференсия, видеоконференсия, семинар, мизи мудаввар, мулоқотҳои маҷозӣ) фаъолгардонии маърифати зиддикоррупсионии устодону донишҷӯён, хосса ҷавонону донишҷӯён;

10. Бо роҳи ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма тарғиби муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна ҳолатҳои коррупсионӣ ва дастовардҳои коршиносону ҳуқуқшиносон ва ҷомеашиносон;

11. Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

12. Таҳлили илмии хавфҳои коррупсионӣ ва мониторинги амалии зиддикоррупсионӣ;

13. Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ.

14. Такмили қонунгузории кишвар марбут ба мавзуи мавриди назар.

Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ кори ҳамагон аст ва дастгирии дастаҷамъонаро тақозо дорад. Мо дар ҳамбастагӣ метавонем фасодро дар соҳаи маориф решакан намуда, аз як тараф ин самти афзалиятноки ҳаёти ҷомеаро собитқадамона рушд бахшем, аз ҷониби дигар тасаввуроти коррупсиониро аз лавҳи хотири шогирдону устодон комилан тоза намуда барои омода намудани мутахассисони мусаллаҳ бо донишҳои замони муосир дар бозори меҳнат саҳми фаъол гузорем.

Сангинзод Д.Ш. – муовини ректор оид ба корҳои илмии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj