Хабарҳо |
ЭҲТИРОМ БА ОМЎЗГОР ЭҲТИРОМ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ АСТ!
(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рўзи дониш ва дарси сулҳ)
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ба таҳсил ҷалб намудани духтарон, тақвияти неруи зеҳнии донишандўзон, рақамикунонии соҳаи маориф, пешгирии шомилшавии хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷилавгирӣ аз афзудани қонуншиканиҳо дар низоми маориф, омўхтани илму ҳунар, боз ҳам баланд бардоштани мақоми омўзгор дар ҷомеа ва донистани забонҳои хориҷӣ сархати суханронии Пешвои миллатро ба ифтихори оғози соли нави таҳсил ва таҷлили Рўзи дониш ташкил намуданд. Пешвои миллат дар оғози суханронии худ бо қатъият
таъкид доштанд, ки чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷўёни кишвар аҳаммияти басо муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад. Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад. Ба назари мо, таъкиди Пешвои миллат ба фазои сулҳу оромӣ аз вазъи ноороми имрўзаи ҷаҳони муосир сарманша мегирад. Зеро бе сулҳу оромӣ ҳеҷ давлате ба пешрафт ноил шуда наметавонад.
Тавре зимни суханронӣ изҳор гардид, дар дигар нуқтаҳои даргири олам низ ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд. Дар ин раванд, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили дигари хатарзо табдил ёфта, боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи башарӣ гардидааст. Дар ҳамин радиф Сарвари давлат аз шомил шудани хонандагон, донишҷўён ва ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ изҳори таассуф намуда ёдовар шуданд, ки дар ин самт бояд омўзгорон нақши созанда дошта бошанд. Ба назари мо, таъкидҳои Президенти мамлакат пешорўи ҳар омўзгори бовиҷдону бедордил вазифа мегузорад, ки барои тарбияи хонандагону донишҷўён ва ба роҳи рост роҳнамун намудани онҳо, инчунин фаҳмонидани моҳияти разилонаи кирдорҳои гурўҳҳои ифротгаро пайваста ҷаҳд варзанд.
Қисми муҳимми суханронии Пешвои миллат ба соҳаи маориф марбут буд. Зикр шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд. Аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид. Яъне маоши онҳо то имрўз қариб ҳашт баробар зиёд гардид. Аз ин таъкиди Пешвои миллат метавон хулоса баровард, ки новобаста ба давра ба давра зиёд гардидани маоши кормандони соҳа ҳанўз дастовардҳо қонеъкунанда нестанд. Ҳанўз мутахассисони макотиби олии касбӣ бозори меҳнатро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин карда наметавононд, хатмкардагони ин муассисаҳо дар бозори меҳнати хориҷи мамлакат мақом ёфта наметавононд, дар истифодаи технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ҳампои замона шуда наметавононд. Дарвоқеъ, имрўз соҳаи маориф ва илми кишвар аз сатҳи рушди рақамикунонии ҷаҳонӣ қафо мондааст. Бояд сари ин масъалаҳо пеш аз ҳама, мо мақомдорон ва кормандони соҳаи маориф чорасозӣ намоем.
Бунёди мактабҳо ва биноҳои иловагӣ самти дигари суханронии Пешвои миллат буд. Яъне мо бояд ба ҳисоби миёна ҳар сол беш аз 380 мактаб бунёд намоем,- иброз доштанд Сарвари давлат. Вобаста ба ин, дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бинои нави таълимӣ бунёд гардид, ки дар маросими тантанавӣ чун армуғони идона ба донишҷўён тақдим мегардад. Он бо тамоми шароити муосир таъмин буда, бо таҷҳизоти навтарини таълим муҷаҳҳаз гардидааст.
Беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омўзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ аз омилҳои мубрами пешрафти низоми маориф дониста шуд. Чунин нуктаҳои меҳварии суханронии Президент моро ба ҷусторҳои нави ҳирфавӣ, эҷодкорӣ, навоварӣ, тақвияти пайвастаи афкори зеҳнии худ водор менамоянд.
Сад дарсад боло бурдани мукофотпулӣ барои озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурўғи маърифат” аз мактабҳо сар карда то сатҳи ҷумҳуриявӣ имкон хоҳад дод, ки ояндаи наздик садҳо истеъдодаҳои тоза дар саҳнаи таълиму тарбия падид омада, нуфузи маорифи кишварро дар арсаи ҷаҳон боло бардоранд.Бояд гуфт, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ду нафар аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ соҳиби ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд.
Пешвои миллат бо дилсўзии падарона ба ҳар як фарди бедордили миллат муроҷиат намуда гуфтанд, ки мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омўзонем, забон омўзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдўст ба камол расонем. Фикр мекунам, ин суханони аз сидқи дил гуфтаи Пешвои миллат бояд чун чароғи роҳнамо ҷодаи рўзгори ҳамагонро равшанӣ бахшанд, шахсонеро, ки заррае меҳри ватан дар замирашон ҷўш мезанад, худшиносу худогоҳанд, ба қадри ин сарзамини аҷодӣ мерасанд, барои илму донишандўзии фарзандонашон, пеш аз ҳама духтаронашон садди роҳ нагарданд.Чунки инсони боақл ва соҳибҳунару боилм рўзгори худро таъмин карда метавонад, фарзандони солимро тарбия менамояд, аз ақидаҳои ифротӣ ва доми созмонҳои ифротиву террористӣ худро дар канор мегирад, ба ҷомеа агар нафъ расонида натавонад, ақаллан зарар намерасонад. Таъкиди ҳадафмандонаи Сарвари давлат ба ҳамин мазмун аст.
Навгонии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рўзи дониш ва дарси сулҳ дар он ифода меёфт, ки арҷгузорӣ ба мақоми шарофатмандона ва заҳмати содиқонаи омўзгор дар ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошт. Дар ин радиф таъкид шуд, ки эҳтиром ба омўзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст ва омўзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Дар ҳоли ҳозир дар мамлакат 130 ҳазор омўзгор ба насли наврас таълим медиҳад, ки 71 дарсади онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҳоло дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ 467 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки аз ин шумора 22 нафарашон дар зинаҳои роҳбарикунанда ифои вазифа доранд.
Оре, дуруст аст, ки агар омўзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кўшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омўзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад.Чунин суханони руҳбаландкунанда дили ҳамаи мо, омўзгоронро ба иҷрои рисолати касбӣ гармтар мекунанд, рағбати моро дар роҳи таълиму тарбияи босифат ва рушд додани неруи зеҳнии миллат дучанд менамоянд. Таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омўзгор» дар самти боло бурдани иззату обрўйи омўзгор иқдоми амалӣ хоҳад буд.
Натиҷаи таъкидҳои пайваста ва хостаи ниҳоии Пешвои миллат аз ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ин аст, ки бояд омўзгор чеҳраи саршинос, машъалафрўзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ бошад ва маориф ҷодаи афзалиятноки ҳаёти ҷомеа шинохта шавад.
Аҳлиддин Ибодуллозода,
Ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|