Хабарҳо |
НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ… Истиқлол ҷашни пуршукӯҳтари миллӣ ба ҳисоб меояд, барои миллати мо дари бахту саодатро кушод, миллати тољик ба маънои томаш соҳибдавлат шуд, рукнҳои асосии давлати миллӣ побарљо гардид, Тољикистон тавассути сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба љаҳониён шинохта шуд, кишвари мо ба ҳайси мамлакати сулҳдӯст имиљи нави сиёсии худро пайдо кард.
Истиқлол ба мо озодӣ дод, Тољикистон ҳамчун мамлакати озоду демократӣ ба сӯйи пешрафт қадам мениҳад, амалӣ гардидани чор ҳадафи умдаи стратегӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини мардум бо маводи ғизоӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани давлат ва саноатикунонии босуръати мамлакат ояндаи наздик кишвари моро дар қатори мамлакатҳои пешрафта љойгир мекунад. Рӯйи кор омадани мактаби давлатдории Пешвои миллат имкон дод, ки садҳо нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун бо афкори навин тарбия ёбанд ва барои пешрафти Тољикистони азиз камари ҳиммат бубанданд.
Дар замони истиқлол маориф љодаи афзалиятноки ҳаёти љомеа шинохта шуд. Рушду нумуи ин соҳа дар меҳвари сиёсати Сарвари давлат қарор дорад. Дар замони истиқлол садҳо биноҳои таъйиноти маориф ва илм, шоҳроҳу пулҳо ва нақбҳои ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, ҳамзамон зиёда аз 3450 муассисаи нави таълимӣ барои якуним миллион хонанда бунёд шуд. Дар 7 соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат 1380 иншооти соҳаи маориф бунёду навсозӣ карда шуд. Соли 2023 аз ҷониби соҳибкорон дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардидааст. Аз соли 1991 то ибтидои соли 2024 дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта шудааст. 41 муассисаи олии касбӣ дари худро ба рӯи донишомӯзон боз намуда, барои таҳсили ҷавонон дар хориҷи мамлакат низ шароит фароҳам гардидааст.Танҳо худи ҳамин сол сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, то охири сол қисми зиёди ин иншоот мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3991 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт босуръат идома доранд. Факту рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки воқеан рушди маориф дар меҳвари сиёсати созандаи Пешвои миллат қарор дорад.
Дар низоми донишгоҳҳоли мамлакат, бахусус Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тољикистон ба номи С. Айнӣ таѓйироти миқдориву сифатӣ ба вуқуъ пайваст, муҳимтар аз ҳама барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз идеологияи ҳизбӣ раҳо гардида хусусияти миллӣ касб карданд,таҳсилоти фосилавӣ ба миён омада, хусусияти фаромиллӣ касб намуд0, таълиму тарбия бо истифодаи технологияи коммуникатсионӣ ҳамқадами ҳаёт шуд, ба сифати таълим таваљљуҳ зиёд шуд, имсол сифати азхудкунӣ аз ҳисоби донишљӯёне, ки танҳо бо баҳои аъло, хубу аъло ва хуб таҳсил доранд, ҳамагӣ ба 59,6% рост меояд. Ин нишондод соли гузашта ба 17,8% баробар буда, 41,8% афзоиш мушоҳида карда мешавад.Иқтидори илмии ДДОТ ба номи С.Айнӣ пайваста меафзояд, ки ин ҳам аз баракати истиқлол аст. Иқтидори илмии омӯзгорони соҳибунвон дар Донишгоҳ аз ҷумла, 613 нафар шумораи умумии омӯзгорон, 22 нафар доктори илм, профессор, 7 нафар доктори илм, дотсент, 5 номзади илм, профессор, 198 нафар номзади илм, дотсент, 46 нафар номзади имл, муаллими калон, 5 нафар номзади имл, ассистент, ки дар маҷмуъ шумораи унвондорон ба 283 нафар баробар ба 46,1% рост меояд.
Дар замони истиқлол дар Донишгоҳ таваљљуҳ ба илм афзун шуд. Айни ҳол дар Донишгоҳ 6 Шурои диссертатсионӣ фаъолият мекунанд.
Аз 19 нафар рисолаи дифоъгардида, 17 нафар рисолаҳои илмӣ аз тарафи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Раёсати Донишгоҳ инчунин, нақшаи дурнамои иқтидори илмии кадрҳои захиравиро таҳия намудааст, ки тибқи он дар соли оянда бояд 37 нафар аз пешдифои кафедраҳо гузашта, ба ҳимоя роҳ ёбанд.Танҳо дар шаш моҳи охир нашри мақолаҳои илмӣ, оммавӣ, ки дар журналҳои тақризшаванда, шабакаҳои иҷтимоӣ ва хориҷи кишвар чопшуда, дар маҷмуъ 3155 ададро ташкил медиҳад ва 60 адад монографияи муҳаққиқони донишгоҳ чоп гардидааст.Фаъол шудани парки технологи и донишгоҳ низ дастоварди мубрами замони истиқлол ба шумор омада, илмро бо истеҳсолот пайванд медиҳад. Ташкилу роҳандозӣ намудани сехи кафшергарӣ, сехи мебелсозӣ, сехи нашри банеру шиоровезаҳо, таъмини бинои навсохти боғи Агробиолабораторӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, таъмини мизу курсиҳои бинои нави таълимӣ, таъмини 100 адад минбари лексияхонӣ барои синфхонаҳои таълимӣ ва дубора ба роҳ мондани омӯзиш дар курси ронандагӣ аз фаъолияти босамари парк маҳсуб мешавад. Дар даврони истиқлол робитаҳои Донишгоҳ бо муассисаҳои илмиву таълимии хориљӣ афзуд. Ҳоло Донишгоҳ бо 120 муассисаҳои илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷии дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки ин ҳам аз неъмати истиқлол аст. Истиқлол тафаккури навини миллати тољикро ба миён овард.Ин тафаккур реша бар асолати миллӣ дорад, худшиносиву худогоҳии миллӣ маҳаки асосии тафаккури навини миллати тољикро решадор мекунад, аз файзи ваҳдати миллӣ дарахти тавонманди сулҳу амният пуршукуфа мегардад, низоми маориф рушд менамояд, шаҳру деҳоти мамлакат обод мешаванд, зиндагонии шоста барои мардуми мамлакат муҳайё мегардад. Ҳамаи ин дастовардҳои бузургро аз файзу баракати истиқлол метавон баршумурд.Воқеан неъмате беҳтар зи истиқлол нест… Аҳлиддин Ибодуллозода, Ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|