• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМИВУ АДАБӢ БА ИФТИХОРИ УСТОД ГУЛНАЗАР
Имрўз дар мавзеи оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба ифтихори арҷгузорӣ ба осори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ ҳамоиши илмиву фарҳангӣ бо ибтикори устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик доир шуд, ки дар он устодону донишҷўёни факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ширкат намуданд.
Сараввал мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филология, дотсент Ҳамза Боқизода зимни ифтитоҳи маҳфил нақши Гулназарро дар рушди адабиёти муосири тоҷик зикр намуда афзуд, ки шоир бо эҷоди назму наср дар ҷодаи адабу фарҳанг ва ҳунари ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши мондагор дорад. Ҳамзамон таъкид дошт, ки соли чорум аст, ки дар ҳамин рӯз маҳфили илмӣ- фарҳангӣ бо иштироки муштараки донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва ДТҶТ ба номи С.Раҳимов баргузор мегардад.
Муҳаққиқи осори Гулназар, номзади илмҳои филология Равшани Ҳамроҳ доир ба навпардозиҳо дар шеъри шоир суҳбати муфассал намуда, чанд шеъри солҳои охир эҷоднамудаи ўро қироат намуд.
Ба назари доктори илмҳои филология, профессор, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ Саидмуроди Хоҷазод осори Гулназар пур аз маъниҳои бикр буда, аз умқи таърих сарманшаъ мегирад, он руҳи замонро ифода намуда, вожа ва ибораҳои шоиронааш зебоиҳои шеърро пур аз эҳсос ва ривояти шеърро пурбор мекунад. Каломаш саршор аз эҳсоси руҳӣ ва отифӣ аст. Дар тасвири шеъри Гулназар ҳисси ҳувиятхоҳӣ ва хештаншиносӣ бо тасвири бисёр сода ва омиёна зуҳур менамояд.
Маҳфили илмиву фарҳангиро сухаронии профессор Шафоатов А. аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ва дотсенти Донишгоҳи давлатии байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода Шавкатулло Бойзода, меҳмонон Убайдулло Акрамзода, Сайидбурҳон Икромӣ ва шеърхонии устодону донишҷўён ва мухлисони ашъори шоир пурранг намуд.
Бояд гуфт, ки зимни баргузории маҳфил донишҷўён сари турбати бузургони аҳли сиёсат, адабу фарҳанг ва ҳунари тоҷик рафта, тавассути роҳбалади оромгоҳ аз рўзгору осори онҳо воқиф гардиданд. Баргузории чунин маҳфилҳо барои боло бурдани эҳсоси худшиносии ҷомеа, бавижа донишҷўён ва насли наврас мусоидат хоҳад кард.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj