Хабарҳо |
There are no translations available.
СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТИ ГЁТЕ
Шуруъ аз 9-уми октябри соли 2024 то санаи 11-уми октябри соли равон муовини ректор оид ба илми ДДОТ ба номи С. Айнӣ профессор Сангинзод Д.Ш. ва мудири кафедраи забони олмонии факултети забонҳои романӣ-германӣ н.и.ф. дотсент Ғиёсов Ф.Н., ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалии Институти Гёте дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд.
Вобаста ба ин 1-уми октябри соли ҷорӣ конференсия байналмилалӣ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани омӯзиши забони олмонӣ бо методҳои навин» бо иштироки намояндагони 10 донишгоҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур муовини ректор оид ба
корҳои илмӣ профессор Сангинзод Д.Ш., оиди нақши ДДОТ ба номи С. Айни ҷиҳати таълиму омӯзиши забони олмонӣ маърӯза пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми конференсия Марен Нимайер намояндаи Институти Гётеи шаҳри Тошкант ва Дониёр Сангинзод намояндаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ миёни донишгоҳҳои созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
|