Хабарҳо |
СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТИ ГЁТЕ
![]() Вобаста ба ин 1-уми октябри соли ҷорӣ конференсия байналмилалӣ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани омӯзиши забони олмонӣ бо методҳои навин» бо иштироки намояндагони 10 донишгоҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур муовини ректор оид ба
корҳои илмӣ профессор Сангинзод Д.Ш., оиди нақши ДДОТ ба номи С. Айни ҷиҳати таълиму омӯзиши забони олмонӣ маърӯза пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми конференсия Марен Нимайер намояндаи Институти Гётеи шаҳри Тошкант ва Дониёр Сангинзод намояндаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ миёни донишгоҳҳои созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
|