• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Факултетҳо

ТАШКИЛЁБИИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ

Тавре маълум аст, то соли 1940 дар аксари макотиби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон забони олмонӣ таълим дода мешуд. Ҳанӯз охири солҳои 30-юми асри гузашта як зумра олимони донишгоҳҳои Русия ва Ӯзбекистон барои беҳтар намудани тарзи таълим ва тайёр намудани кадрҳои соҳибмаълумот ба Тоҷикистон фиристода шудаанд, ки аз байни онҳо чанде чун омӯзгорони забони олмонӣ ва англисӣ дар донишкадаи омӯзгорӣ кор кардаанд.

Аз соли 1939 сар карда дар назди факултети таъриху забоншиносии Донишкадаи омӯзгории Душанбе як гурӯҳи таълимӣ бо ихтисоси забони олмонӣ кушода шуд. Соли 1940 факултети забонҳои хориҷӣ бо як гурӯҳи забони олмонӣ ва як гурӯҳи забони англисӣ таъсис дада шуд, ки дар он ҳамагӣ 21 донишҷӯ ва 5 омӯзгор фаъолият доштаанд. Аввалин декани факултет хонум К.А. Сиповская буданд. Сипас дар солҳои гуногун дар факултети забонҳои хориҷӣ Венера Гогошидзе (ду дафъа), Ирина Сазонова, Михаил Василев, Иван Яковлев, Анна Соловева, Пётр Бояршников, Парвона Ҷамшедов, Рустам Деҳотӣ, ҳамчун декан иҷрои вазифа намудаанд.

Соли таҳсили 1941-1942 иддаи дигари олимони машҳур аз шаҳрҳои Москва ва Ленинград аз сабаби хатари ҷанг ба ақибгоҳ, аз ҷумла ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Дар байни онҳопрофессор М.Н. Александров низ буд, ки баъдан сарварии кафедраи забонҳои хориҷиро ба ӯҳда гирифтааст.Дар ҳаминмуддат аввалин донишҷӯёни забони олмонӣ Александра Калинушкина (1941-1945), Валентина Сахарова (1951-1955), Мария Гатитулина-Бурҳонова (1953-1957), Вера Макаркина, Саноат Юнусзода, Субҳониддин Маҳкамов, УлуғмуродБобоев, РозаМиллер (охирисолҳои 50-ум) ва ғайраҳо буданд, ки дертар ҳамчуномӯзгоронибарҷастаикафедраизабониолмонӣфаъолиятнамудаанд.

Солҳои 50-ум ҳайати омӯзгорони кафедраи забони олмониро мутахассисони донишгоҳҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ пурра намудаанд. Дар ин солҳо ба кафедраи забони олмонӣ омӯзгорон Екатерина Шендерович, Артур Сергеев (аз Москва), Борис Сегал (1952, аз ш. Каленинград), Умринисо Болтабоева (1953, аз ш. Тошканд), Лилия Ященко (аз Москва), Анна Смирнова (аз Томск), Эмма Валтер (аз Поволже; ӯ с.1969 ба Олмони демократӣ кӯч бастааст) ба кор омадаанд.

Солҳои 1975-1980 барои устодони факултети забонҳои хориҷӣ давраи рушди илм ба шумор мерафт. Дар ин давра роҳбарии факултетро устод Парвонаи Ҷамшед ба уҳда дошт. Дар факултет 6 кафедра амал мекард. Теъдоди омӯзгорони тоҷик дар ҳар кафедра 4-5 нафарро ташкил медод. Зиёда аз 90% ҷавонон ба кори илмӣҷалб карда шудаанд. Бо кӯмаки устодон Парвонаи Ҷамшед, Мамлакат Наҳангова, Рашид Убайдуллоев ва Венера Гогошидзе аз Пажӯҳишгоҳи забоншиносии ш. Ленинград ва Донишгоҳи ш. Ленинград профессорон Л.Г. Герсенберг, М. Мухин, В.Г. Лившитс, М.В. Павлов, М. Берков, С.И. Смернитская ва дигарон ба факултет омада, доир ба курсҳои махсус маърӯзаҳо хондаанд. Омӯзгорони ҷавони тоҷик ба устодони ленинградӣ шиносоӣ пайдо карда, таҳти роҳбарии онҳо барои диссертатсияҳои номзадӣ мавзӯъҳо гирифтаанд. Пас аз як-ду сол аксари ин ҷавонон дар зинаи аспирантураи шаҳрҳои Москва ва Ленинград таҳсили илм намудаанд.

Солҳои 80-уми қарни гузашта аз ҷиҳати ба камол расидани олимони ҷавон давраи сермаҳсули шуъбаи забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин солҳо Ш.М. Мухторов, Х.Ғ. Сайфуллоев, Р.А. Деҳотӣ, Л.К. Ҳакимова, Н.Я. Орешина, Г.Д. Пӯлодова, В.А. Соколова соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ гардидаанд. Охири солҳои 80-ум устод Шокир Мухтор дар Институти адабиётиҷаҳон ба номи Максим Горкий рисолаи доктории хешро дифоъ намуд.

Кафедраи «Забони олмонӣ ва методикаи таълими он» соли 1940 дар назди факултети забонҳоихориҷӣ таъсис дода шудааст, ки дар кафедраи мазкур устодон Мамлакат Наҳангова, Любов Букатина, Рашид Убайдуллоев, Павлина Сатская ва Хайрулло Сайфуллоев роҳбарӣ кардаанд. Моҳи апрели соли 2008 ба хотири муттаҳид намудани кафедраҳо аъзоёни кафедраи лингводидактика ба кафедраҳои забони олмонӣ ва методикаи таълими он гузаронида шудаанд. Дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он устодони соҳибтаҷриба, доктори илмҳои филологӣ, профессор Михаил Александров (1941-1951), саромӯзгор Любов Букатина (1951-1957), саромӯзгор Эмма Валтер (1957-1964), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Артур Сергеев (1964-1972), саромӯзгор Александра Калинушкина (1972-1978), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустам Деҳотӣ (1978-1984), саромӯзгор Мария Бурҳонова (1984-1988), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Любов Ҳакимова (1988-1992), саромӯзгор Нафасшо Шозедов (1992-1993), саромӯзгор Мария Бурҳонова (1993-1995), дотсент Рустам Деҳотӣ (1995-1998), дотсент Хайрулло Сайфуллоев (1998-2003), саромӯзгор Нафасшо Шозедов (2003-2008), саромӯзгор Зведамо Нурова (2008-2012), дотсент Хайрулло Сайфуллоев (2012-2015), Зарина Сайфуллоева (2015-2019), Фазлиддин Одинаев (2019-2020) вазифаи мудири кафедраро иҷро кардаанд. Айни замон вазифаи мудири кафедраи забони олмонӣ-ро дотсент Ғиёсов Фаридун ба уҳдадорад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj