• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Мавлавӣ-тарғибгари ғояҳои инсонӣ

«Агар тамоми осори шоирону нависандагон, сарчашмаву манбаъҳои зеҳнӣ аз ҷаҳон бардошта шаванд, «Маснавии маънавӣ» басанда аст, ки инсониятро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад»,-гуфтааст бузурге. Чунин зикр кард ректори донишгоҳ. академик Н.Салимӣ дар Рӯзи бузургдошти Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ.

Бахшида ба ин рӯз 30-юми сентябри соли равон кафедраи адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷик

чорабинии пуршукӯҳ доир кард. Конференсияро ректор оғоз намуда, дар бораи Ҷалолуддини Балхӣ маълумоти муфассал ироа кард. Мавсуф қайд намуд, ки Мавлавӣ табъи равон ва зеҳни қавӣ дошт. Тибқи гуфтаи шарҳнависон, Румӣ ҳангоми омадани илҳомаш чунон шеър мегуфт, ки хаттотон аз навиштан қафо мемонданд. Ба ғайр аз «Маснавии маънавӣ» Ҷалолиддини Балхӣ китоби дигаре бо номи «Девони кабир» дорад, ки дар он беш аз 5000 ғазал ҷой дорад.

 

 

 

Дар идома декани факултаи филология тоҷик Боймурод Шарифзода зикр кард, ки баландтарин пояро муҳаққиқон дар адабиёти тоҷик ба Мавлавӣ лоиқ донистаанд.

Мудири кафедраи адабиёти тоҷик Маҷид Қурбонов қайд кард, ки осори Мавлавӣ чун чароғест, ки роҳи ояндаи моро равшан мекунад ва барои расидан ба арзишҳои волои инсонӣ дастурамали хубест. Мавлавӣ шоирест, ки Шарқу Ғарбро бо ашъораш тасхир кардааст. Китобҳои «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир»-и ӯ дар китобхонаҳои Фаронса дида мешаванд, ки бо забони фаронсавӣ тарҷума шудаанд. Хонума Ева маҳз тавассути Маснавӣ мусалмон шуда, ба Макка ба зиёрати хонаи Каъба рафтааст.

И.АБДУЛЛО

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj