• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Таваҷҷуҳи украинҳо ба забони тоҷикӣ

Сафири Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк 16-уми сентябр ба донишгоҳ ташриф овард. Суҳбати ӯ бо сарвари таълимгоҳ, академик Н.Салимӣ пиромуни густариши равобити дуҷониба сурат гирифт.

В.Никитюк ба забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хосса доштани мардуми украинро қайд карда, хоҳиш намуд, ки барои ба роҳ мондани таълими забони тоҷикӣ дар сафоратхонаи онҳо кумак кунанд.

Ректор Н.Салимӣ дар навбати хеш изҳор дошт, ки ин ду миллат аз замонҳои қадим боҳам робитаи дӯстӣ доштанд ва барои ташкили дарс дар сафоратхона дастгирии худро дареғ намедоранд.

Дар мулоқот, ҳамзамон, чопи асари Т.Г.Шевченко, ки аз ҷониби тарҷумонҳои тоҷик ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, мавриди  таваҷҷуҳ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки аз осори Т.Г.Шевченко то имрӯз қисм-қисм ҳикояҳо бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда буданд, вале китоби пурраи ӯ бори аввал интишор гардид.

Сафири Украина, ҳамчунин, эълон дошт, ки ҳамасола 20 нафар довталаб тибқи квота ба макотиби олии ин мамлакат дохил шуда, таҳсилро идома дода метавонанд.

Илҳоми АБДУЛЛО

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj