• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Дар тарбия саҳлангорӣ нашояд

Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ бо равияҳои ифротгаро, дуздӣ, нашъамандӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ 16-уми сентябри соли равон вохӯрии донишҷӯён бо муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нурулло Алиев, донишманди маъруфи тоҷик Нодир Одилов, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Субҳон Сафиаллоев, Нигора Шарипова ва Исломиддин Одинаев ва дигар меҳмонон баргузор гардид.

 

Сараввал Н.Одилов дар мавзӯи хотираи таърихӣ ва худшиносии миллӣ сухан кард. Ӯ аз боби давлатдории Сосониён ёдовар шуда, зикр намуд, ки онҳо сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта буданд, яъне, аз тамоми дунё ҳунармандонро даъват менамуданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар давраи ҳукмронии онҳо давлати тоҷикон аз ҷиҳати маданияту фарҳанг ва иқтисодӣ хеле пешрафта шуд. Ҳамчунин, мавсуф арз намуд, ҷавонон бояд аз илмҳои динӣ ва дунявӣ огаҳӣ дошта бошанд, то ба доми ифротгароён гирифтор нашаванд.

Сипас, С.Сафиаллоев дар мавриди ҳодисаҳои аввали моҳи сентябри соли равон нигаронии хешро иброз дошт ва аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои ҳимояи марзу буми кишвар ҳамеша тайёр бошанд. Тибқи иттилои ӯ, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, алалхусус, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна ба маротиб афзудааст.

Бахтовар РАҲИМОВ, донишҷӯи соли 1-уми факултаи география

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj