• Tajik
  • Russian
  • English
Факултетҳо
There are no translations available.

ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА

Факултети математика соли 1933 ҳамчун факултети шабонаи физика-математика таъсис ёфта, феълан яке аз факултетҳои калонтарини Донишгоҳ ба шумор меравад. Шуъбаи рӯзонаи факултет (физика-математика) соли 1939 ташкил ёфтааст, ки 42 нафар донишҷӯ дар он таҳсил менамуданд ва ба онҳо 10 нафар устодон дарс мегуфтанд. Нахустин декан ва мудири кафедраи математикаи факултет, хатмкардаи донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М.В. Ломоносов Азизов Хамид Азизович буд. Соли 1970 факултети метематика ба ду факултети мустақили математика ва физика ҷудо шуда, соли 1975 дар заминаи онҳо факултети индустриалию педагогӣ (ҳоло технология) ташкил ёфт. Аз давраи ташкилшавӣ то имрӯз устодон Азизов Г. А., Христиченко П. И., Берлинский Л. Н., Айзенберг А.К., Ҷабборов Ғ.Ҷ., Қодиров А.Қ., Ниёзов Б.Н., Осимов Қ.У., Рӯзметов Э.Р., Муродов Б.М., Усмонов Н.У., Норов Қ., Исроилов С., Раззоқов А., Латипов С.О. , Неъматов Ғ.Н.,  Холиқова М.Б., Зикирзорда Ҳ.,  вазифаи декании факултетро ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи феврали   соли 2023 вазифаи декании факултетро номзади илмҳои физика-математика, дотсент Зеваршоев Умар Нуралишоевич ба ӯҳда дошта, Диловари Бобомурод, ҳамчун муовинони декан фаъолият мекунанд. Ҳоло дар 5 кафедраи факултет беш аз 60 нафар устодон: аз ҷумла 3 нафар доктори илм, профессор, 21 нафар дотсентон, 14 нафар омӯзгорони калон ва боқимонда ассистентону кормандони техникӣ фаъолият доранд. Дар шуъбаи рӯзонаи факултет зиёда аз 690 нафар ва дар шуъбаи фосилавӣ беш аз 780 нафар донишҷӯ ва дар магистратура 15 нафар магистр таҳсил менамоянд.  Дар зинаҳои   гуногуни таҳсилоти факултет дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон инчунин намояндагони кишварҳои хориҷии дуру наздик аз Ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон таҳсили илм доранд. Дар факултет шаш ихтисос дар зинаи бакалавриат ва ду ихтисос дар зинаи магистратура фаъолият мекунад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj