• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Муаллифи Суруди миллӣ -меҳмони мо

Барои тавзеҳи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола 17-уми феврали соли равон шоири шинохта, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ ба донишгоҳ ташриф овард. Дар ин вохӯрӣ ӯро шоир Камол Насрулло ҳамроҳӣ мекард, ки сарварии маҳфили «Адибони ҷавон»-ро дар донишгоҳи мо ба уҳда дорад.

 

Гулназар Келдӣ оид ба муҳтавои Паёми имсола сухан гуфта, таъкид кард, ки Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус доранд. Бинобар ин ҷавонон бояд кӯшиш намоянд, ки нағз хонанд, омӯзанд ва дар оянда мутахассиси хуб шуда, ба халқу Ватан хизмат кунанд, шукргузор бошанд, ки дар чунин давлат зиндагӣ мекунанд ва аз ин шароити бисёр мусоид ҳаматарафа истифода баранд.

Баъдан, Камол Насрулло оид ба фаъолияти маҳфил сухан гуфта, аз донишҷӯёни навқалам даъват ба амал овард, ки дар маҳфил фаъолона ширкат варзанд ва истеъдоди худро сайқал диҳанд.

Саидаброр Саидӣ, Бахтовар Раҳимов, донишҷӯён

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj