Факултетҳо |
There are no translations available. ТАЪРИХИ ФАКУЛТАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ Факултаи Таҳсилоти ибтидоӣ яке аз нахустин факултаҳои донишгоҳ буда, соли 1932 таъсис ёфтааст. Он дар солҳои аввали таъсисёбиаш чор маротиба тағйири ном кард. Бори аввал августи соли 1932 шуъбаи мактабӣ-педагогӣ номида шуд, чунки дар он давра ба ҷои факулта шуъба номгузорӣ мешуд. Сипас, Академияи педагогӣ ва 6 июли соли 1934 бошад, шуъбаи педагогика ном гирифт ва баъдтар факултаи педагогика номида шуд. Аз соли 2016 факултетаи Таҳсилоти ибтидоӣ то ба имрӯз бо ҳамин ном арзи ҳастӣ дорад. Факултаи Таҳсилоти ибтидоӣ яке аз бахшҳои калонтарини донишгоҳ ба шумор рафта, дар давоми солҳои мавҷудияти хеш дорои қувваи бузурги эҷодӣ гардид. Дар айни замон он яке аз марказҳои таълимию методӣ, илмӣ ва боргоҳи тайёр намудани муаллимони синфҳои ибтидоӣ, инчунин як ҷузъи пешқадами сохтори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба шумор меравад. Рушду нумӯи факултаи Таҳсилоти ибтидоӣ ба заҳмати собиқадорони меҳнат, ки қувваю дониш ва нерӯи илмию педагогии худро дар ин кор дареғ надоштаанд, вобаста аст. Инкишофи босуръати илму маориф, баланд бардоштани самаранокии кори таълиму тарбия тақозо мекард, ки баҳри беҳдошти сифати ҷараёни таълим кафедраҳои тахассусӣ ташкил дода шаванд. Баҳри амалӣ намудани ин мақсад соли хониши 1960-1961 кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ таъсис дода шуд ва мудирии кафедраи мазкур ба дӯши номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қозиҷонов М.А. вогузор гардид. Сипас, дотсентон Ф.Икромова, Қаландаров К., Лутфуллоев М. ба он роҳбарӣ намуданд. Бо ташаббуси устод Қозиҷонов М.А. мутахассисони соҳаи таълими ибтидоӣ гирд оварда шуданд, ба монанди Лутфуллоев М., Аминов А., Каримов М., Икромова Ф., Грудин С.И., Кан Х.И., Акрамов С., Латифов Р., Баҳриддинов А., Ҳаётова Р., Одилов А. Муминов Т., Зиёев С., Зиёев Т., Раҳимов Х., Акбаров Д., Мирзоев Р. ва дигарон, ки шумораи онҳо ба 20 нафар мерасид. Онҳо аз забони модарӣ, педагогика, математика, санъати тасвирӣ, таълими меҳнат, табиатшиносӣ, мусиқӣ ва суруд, адабиёти умумӣ ва бачагона дарс мегуфтанд. Баъд аз устод Қозиҷонов М. роҳбарии кафедра ба зиммаи шогирдони кордону ташкилотчии ӯ гузошта мешавад, ки ба таври хронологӣ онро ин тавр тасвир кардан мумкин аст: Қозиҷонов М.А. (1960-1973), Икромова Ф.И. (1973-1979), Қодиров А. (1979-1980), Қаландаров К. (1980-1982 ва 1987-1998), Қурбонов Р. (1998-1999), Лутфуллоев М. (1982-1987 ва 1999-2004), Акбаров Д. (2004-2007), Раҷабов Т. (аз апрели 2007 то имрӯз). Онҳо барои пешрафти маорифи кишвар, махсусан тайёр кардани омӯзгорони зинаи аввали маълумоти миёнаи умумӣ хизмати босазо кардаанд. Аъзои кафедра дар баробари корҳои зиёди таълимӣ, корҳои илмиро низ самаранок пеш бурданд. Дар давоми зиёда аз 40 сол даҳҳо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, монография, садҳо мақолаю барномаҳои таълимиро ба монанди «Субҳи дониш», «Алифбо», «Масъалаҳои таълими алифбо» «Методикаи таълими Забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ», «Забони модарӣ» (синфҳои 1,2,3,4), «Дарс», «Дидактикаи муосир», «Хониши бадеӣ ва нақл» ва дигарҳоро таълиф намуданд, ки то имрӯз қимати илмию методии худро гум накардаанд. Аз моҳи январи соли 2017-ум номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Бегимов Ҳ. дар вазифаи мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ кор карда истодааст. Соли 2016 дар назди факулта кафедраи забон ва адабиёти тоҷик таъсис ёфт, ки ба он номзади илмҳои филологӣ, дотсент Боқиев Ҳ. роҳбарӣ менамоянд. Дар кафедра 2 номзади илм, дотсентон Боқиев Ҳ., Ғаффоров А., 3 муаллими калон: Зиёев М.,Раҳимов Х., Қаландарова Д. фаъолият доранд. Айни ҳол мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Боқиев Ҳ. ба уҳда дорад. Соли хониши 2016-2017 дар заминаи ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ.Санъати мусиқӣ кафедраи Этика,эстетика ва тарбияи меҳнатии хонандагони синфҳои ибтидоӣ таъсис ёфт, ки роҳбарии онро нип Хайруллоев Б. ба зимма дорад. Кафедраи педагогика ва психология моҳи июни соли 1992 таъсис ёфт. Ба ин кафедра аз июни соли 1992 то ноябри соли 1998 н.и.п. дотсент Нуров А., роҳбарӣ менамуд. Аз ноябри соли 1998 иҷрои вазифаи мудирии кафедра ба зимаи н.и.п.профессор Раҳимов Б. гузошта шуда буд. Аз соли 2013 то инҷониб дубора доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуров А. ба вазифаи мудири кафедра интихоб гардид. Дар кафедра айни замон 1 нафар доктори илм, профессор: Нуров А., 1 нафар номзади илм, муаллими калон Тураев Ё., 3 нафар муаллими калон: Рабиева С., Мамадносирова М.,Чобулова Н. ва 1 нафар ассистент Олимов Т.фаъолият доранд. Саҳми омӯзгорони кафедра дар тартиб додани китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои илмӣ-методӣ назаррас аст. Дар ин ҷода хизматҳои профессорон Б. Раҳимов ва А. Нуров хеле калон аст. Маҳз барномаву китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ «Таърихи педагогикаи халқи тоҷик», «Педагогика», «Барномаи таълимии педагогика», «Барномаи таърихи педагогикаи халқи тоҷик», «Воситаи таълимӣ доир ба фалсафаи таърихи маълумот», «А.С. Макаренко дар бораи таълиму тарбия», «Барномаи тарбияи ҷавонон», «Нақши арзишҳои миллӣ дар тарбияи маънавии мактабиёни хурдсол», «Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ», «Факултаи педагогика 70 сол», «Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик», «Таърихи педагогиаи ҷаҳон» (2016) ва мисли инҳо ба қалами профессорон Раҳимов Б. ва Нуров А. тааллуқ доранд. Соли 2004-ум Нуров А. рисолаи доктории хешро дифоъ намуд. Ҳамаи аъзои кафедра дар тайёр намудани мутахассисон саҳмгузоранд. Аз моҳи январи соли 2013 доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуров А. ба сифати мудири кафедраи педагогика ва психология фаъолият дорад. Ҳоло дар факултет чор кафедра аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр мекунад:
|