• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Факултетҳо

Маълумоти мухтасар дар бораи факултети филологияи тоҷик

Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли 1931 таъсис ёфтааст. Факултетро бидуни шубҳа метавон кохи маърифати ҷумҳурӣ номид. Он ҳамсоли Донишгоҳ буда, аз поягузорони асосии илму маърифат ва фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар рушду нумӯи мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, тарбияи олимону адибон саҳми бузург гузоштааст.

Факултети филологияи тоҷик аз замони таъсисёбӣ, чи дар давраи шуравӣ ва чи дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз татбиқгарони сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳои забону адабиёт ва маориф ба шумор меравад. Факултет дар самти амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти маориф ва илм, амалӣ сохтани барномаҳои аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, фаъолона иштирок менамоянд. Дар соли ҳисоботӣ дар самти навсозӣ ва ташкили низоми илму таълим, тибқи дастурҳои раёсати донишгоҳ корҳои зиёде ба сомон расонида шуд.

Сарварии факултети филологияи тоҷикро баъд аз дотсент М. Аҳмадов (1978-1986), С. Наимбоев (1986-1995), С. Саидов (1995-1996), дотсентон С. Анварӣ (1996-2001), М. Қурбонов (2001-2005), С. Қосимӣ (2005-2007), А. Худойдодов (2007-2010), С. Хоркашев (2010-2012), Б.Шарифов (2012-2017, 2018-2020), А. Муллоев (2018), Раҳматуллозода С. (2020),  Р.Қ. Восиева (2021-2022)  ва  айни замон дотсент Шерализода А.Ш.ба уҳда доранд.

Факултети филологияи тоҷик дорои чор кафедра: назария ва таърихи адабиёт, назария ва амалияи забоншиносӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ва забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ буда, дар онҳо беш аз 40 нафар докторону профессорон, номзадҳои илму дотсент ва муаллимони калону ассистентон ба таълиму тадриси шогирдон машғул мебошанд.

Дар факултети филологияи тоҷик корҳои илмӣ-тақиқотӣ дар назди кафедраҳои тахассусӣ аз рӯйи  4 равия: 1. Забон дар масири замон;  2. Қонуниятҳои  инкишофи адабиёти  ҷаҳонӣ ва ҳамбастагиҳои  унсурҳои адабиёти бадеӣ; 3. Методҳои нав ва босамари таълими забон ва адабиёт, бахусус муносибати  босалоҳият ба таълим ва 4.  Рушди забони тоҷикӣ ва таҳаввули таълими он амал мекунад.

Робитаҳои илмиву адабии факултет бо муассисаҳои илмию таълимии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Донишкадаи забонҳо ва Академияи миллии илмҳои ҶТ, ҳамчунин берун аз ҷумҳурӣ бо Донишгоҳҳои давлатии Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Тошканд, Намангон ва Институти забоншиносии АИ ФР пурсамар ба роҳ монда шудааст.

Дар факултет ҷиҳати баланд бардоштани дониш, завқу зебоипарастии донишҷӯён ва ҷалбу таҳрики онҳо ба корҳои илмӣ-эҷодӣ маҳфилҳои илмии «Забоншиноси ҷавон», “Хушнависӣ”  «Адабиётшиноси ҷавон», «Адибони ҷавон»,  «Методисти ҷавон» ва «Посдорони забони давлатӣ»  фаъолият намуда, бо иштироки доираи васеи донишҷӯён ва устодон баргузор мегардад, инчунин баргузории маҳфилҳои иловагии “Ҳофизхонӣ”, «Саъдихонӣ», “Бедилхонӣ”, “Мавлонохонӣ”, “Рӯдакихонӣ” ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар назди кафедраҳои факултет семинарҳои илмӣ-методӣ фаъолияти  худро мунтазам ба роҳ мондаанд.

Ҳамасола устодону шогирдони факултет дар конфронсу ҳамоишҳои гуногун бо маърузаҳои илмӣ баромад менамоянд, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, монография ва дигар маводи илмиву таълимиро ба нашр мерасонанд. Дар баробари ин, олимони факултет аз рӯйи мавзуъҳои алоҳида корҳои илмию пажуҳишӣ мебаранд. Сол аз сол зарфиятҳои илмӣ ва омӯзгории факултет такмил меёбад.

Садорати факултет ба тарбияи маънавии донишҷӯён, аз ҷумла тарбияи ахлоқӣ, маърифатӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, гуманистӣ, эстетикию зебоипарастӣ, тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, тарбияи сиёсӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тафаккури интиқодӣ, тарбияи масъулиятшиносӣ, тарбияи ҳаёти солим ва тарбияи иқтисодӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар соатҳои тарбиявӣ, маҷлису машваратҳо, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегардад.

Фаъолияти Созмонҳои ҷамъиятии факултет, аз ҷумла раиси Шӯрои кураторон, раиси Шурои духтарону занон, ҷавонон, иттифоқи касаба, ҷамъияти илмии донишҷӯён ва раиси духтарон низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар факултет пайваста маҳфилҳои «Рӯдакихонӣ», «Мавлавихонӣ», «Ҳофизхонӣ», «Саъдихонӣ», «Бедилхонӣ», «Сайидохонӣ», «Шоҳинхонӣ», «Лоиқхонӣ» ва «Турсунзодахонӣ» бо иштироки доираи васеи донишҷӯён ва устодон баргузор мегардад, ки чунин иқдомот имкон медиҳад, ки донишҷӯён бештар бо шавқу завқ барои омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик ҷалб шаванд.

Факултет аз рӯйи ихтисоси филолог – муаллими забон ва адабиёти тоҷик, – алифбои ниёгон, забони арабӣ, –  маърифати оиладорӣ, –  нақди адабӣ ва забон ва адабиёти ӯзбек мутахассис тайёр менамояд.

Айни замон дар факултет 1094 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзонаву таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз ин миқдор 26 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва зиёда аз 90 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамояд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj