• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкимбахши Ваҳдат ва маншаи нумӯи давлатдории миллӣ

Конститутсия санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи рушд ва нумӯи давлатдории миллӣ, ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, қарору қонунҳои амалкунандаи ҷомеа мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба он ки маншаи аввалини худро аз Эъломияи Куруши Кабир, ки масъалаи меҳвариашро эҳтироми инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, риояи рукнҳои адолат ва меъёрҳои адолати иҷтимоӣ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташкил медод, гирифта, вале мазмуну муҳтавои бобҳо, моддаҳо ва зербандҳои он фарогири тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиямон мебошанд.

Масъалаҳои меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мафҳумҳои инсон, шаҳрванд ва халқҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишвар, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди он, ҳимояи боигариҳои табиии кишвар ва сохтори идоракунии давлатӣташкил дода, дигар масоили дарҷёфта ифодакунандаи ин нуктаҳои меҳварӣ мебошанд.

Конститутсия - Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи авҷи нооромиҳои даҳаи охири асри XX ва оғози садаи бархурди тамаддунҳо, ғасб ва ба ҷангу низоъҳои дохилӣ кашидани кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ҷониби давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба як давлати воҳиду ягона муваффақ намуда, шакли идораи ҷумҳуриро ҳамчун шакли идораи президентӣ муайян кард.

Мазмун ва муҳтавои бобҳо ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ба меъёрҳои ҳуқуқи аҳли башар мувофиқат мекунанд, ки маҳз ин тамоюлгирӣҳамчун намунаи беҳтарин эътироф шудани онро аз ҷониби саршиносони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо пайдо кард.

Ҳамзамон Конститутсия аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки он дастоварди мукаммали даврони соҳибихтиёрии кишвар, сарчашмаи ҳуқуқии бунёди давлати тозатаъсиси миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъминкунандаи истиқлолият, шакли ифодаи ҳуқуқии  ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад.

Конститутсия дар худ маҷмуи арзишҳои эътирофшудаи ҷомеаи шаҳрвандиро инъикос дошта, кафили ҳифзи эътимоднокии онҳо, шукуфоии кишвар дар замони ҳассосиҷаҳонишавӣ мебошад. Он дурнамои рушди Тоҷикистонро муайян намуда, ҷиҳати бартараф кардани мавҷи нооромиҳову низоъҳои дохилӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар ва муваффақ шудан ба Ваҳдати миллӣ нақши беназир гузошт.

Аз лиҳози маънӣ Ваҳдат – иттиҳод, ҳамдилӣ, ҳамзабонии миёни аҳолии ҷомеаи башарӣ, таъмингари  сулҳу субот ва амнияти Сайёра, гарави пирӯзии адолат,  пешрафт ва тарақиёт аст.

Модели сулҳофарӣ ва дастёбии тоҷикон ба Ваҳдат - омили муттаҳидсозии миллат барои ҳалли муноқиша ва низоъҳои мазҳабию миллӣ ва дохилии кишварҳои Сайёра сабақи беназир дод.

Аз ин нуқтаи назар Конститутсия ҳамчун маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа, ба хусус, фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардуми кишваррро ба меҳнати софдилона, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣҳидоят намуд.

Ташаккул ёфтани ақлу зеҳнияти инсонӣ, кашфи асрори ниҳони табиату ҷомеа, муваффақ шудан ба дастовардҳои беназир ва талаботи инсон дар саҳнаи гуфтугӯи тамаддунҳо ба тағйирёбии ҷомеа низ шароити мусоид фароҳам овард. Тағйирёбии муназзами иҷтимоӣ боис гардид, ки қонунҳо низ тағйир ёфта, ҷойи онҳоро қонунҳои нави ба талаботи ҷомеа дархӯр иваз намоянд. Азбаски  Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии кишвар ҳамрадифи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа гом мегузорад, бинобар ин ба ин санади тақдирсоз низ бо назардошти манфиатҳои давлату ҷомеа зарурияти ворид кардани тағйироту иловаҳо пеш омад. Зеро Конститутсия мустааҳкамкунанда,  муайянкунандаи мақом ва манзалати инсон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар ҳудуди давлат, таҳким ва устувории ҳокимияти давлатӣ, ба вижа, ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва суд маҳсуб ёфта, таҳкиму устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеаро таъмин менамояд.

Аз ин рӯ, вобаста ба талаботи замон ва ҳимояи тамомияти арзиву  манфиатҳои миллӣ, амнияту суботи кишвар ва пойдории Ваҳдати миллӣ тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22.05.2016 тавассути райъпурсии умумихалқӣ  дар 39 модда, ки ба се шохаи асосии ҳокимияти сиёсӣ: қонунбарор, иҷроия ва суд марбут мебошанд, инчунин бахши муқаррароти интиқолӣ ворид карда мешаванд. Тағйироту  иловаҳо бештар хусусияти имлоӣ дошта, вале вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза таҳрирҳое ҳастанд, ки матн ва мазмуну муҳтавои моддаҳои мухталифи Конститутсияро тағйир ва мантиқан такмил медиҳанд.

Аз ҷумла, дар моддаи 1 - ум, қисми дуюм мушаххас карда мешавад, ки шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Дар қисми якуми моддаи панҷум бошад дар таҳрири зерин: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд, илова карда мешавад.

Қисми шашуми моддаи 8 бошад ба мазмуни зерин: Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқукӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст, такмил ёфта, дар қисми якуми моддаи 15 таҳрири зерин илова мегардад, ки: шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии  Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.

Ҳамзамон қисми якуми моддаи 28 чунин тағйир меёбад, ки  шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Дар қисми дуюми моддаи 34 таҳрири зерин:  падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғуқобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд, илова карда мешавад.

Моддаи 49 мушаххас карда мешавад, ки: вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикисионро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад. Қисми панҷуми моддаи мазкур бошад дар шакли: узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва қисми ҳафтуми моддаи мазкур ба мазмуни зер: узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ва таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд. Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд, дарҷ карда мешавад.

Дар моддаи 65, қисми дуюм таҳрири зерин илова мегардад, ки: шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад. Дар қисми панҷуми моддаи мазкур илова карда мешавад, ки маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Инчунин дар моддаи 71 тағйирот дар таҳрири: таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд, дар моддаи 73 аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд, ворид карда мешавад.

Дар муқаррароти интиқолӣ бошад чунин тағйирот ворид карда мешавад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва аъози Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд.

Тағйироту иловаҳо ва таҳрири нави воридшуда ба Конститутсия тақозои онро доранд, ки минбаъд низ дар асоси талаботи бобҳо ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон  Ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор мегардад. Зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи зикршуда муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа, дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ буда, бо ин назардошт аҳоли кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, эҳтиром кардани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеа, пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон баҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ ва ифротидошта, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣҳидоят менамояд.

 

Бобоҷон Самиев,

доктори илми фалсафа, профессори ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj