• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Факултетҳо

Факултети химия

Фаъолияти факултети химия ҳанӯз моҳи сентиябри соли 1957 оғоз ёфтааст. Ҳамон сол дар назди факултети табиатшиносию ҷуғрофия дар қатори шӯъбаҳои ҷуғрофия ва ҷуғрофияю биология аз соли хониши 1959-1960 шӯъбаи химия-биология низ ташкил карда шуд. Донишҷӯёни факултет дар шӯъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибона таҳсил мекарданд. Солҳои тӯлонӣ маҳз ҳамин шӯъбаҳои биология – химия ва химия – биология барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони фанни химия тайёр мекарданд.

Соли 1976  талаботи рӯзафзуни соҳаи маорифи ҷумҳуриро ба омӯзгорони баландихтисоси химия ва биология ба назар гирифта, факултети  табиатшиносӣ – ҷуғрофияро ба ду факултети мустақил, ҷуғрофия ва биология-химия ҷудо карданд. Факултети навтаъсиси биология – химия дар ҳайати ду шӯъба: химия-биология ва биология-химия фаъолияти  худро идома дод. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар таъсиси ин факултаи нав саҳми декани аввалини он, дотсент Зубайдов У.З. ва ректори ҳамонвақтаи Донишгоҳ, Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон, профессор Ҷӯраев Қ.Ш. хеле бузург аст.

Таи 10-соли фаъолияти худ факултети биология-химия ба яке аз факултетҳои бонуфузи Донишгоҳ табдил ёфт. Масалан, дар як мудати кӯтоҳ аз ҳисоби даспарварони ҳамин факултет як зумра омӯзгорони варзида ба камол расиданд. Дар қатори онҳо шодравонҳо Азимов Б., Пирназаров Б.Т., номзадҳои илмҳои химия, дотсентон Бандаев С.Г.(ҳоло доктори илмҳои химия, профессор), шодравон Сафаров И.И., номзадҳои илми биология, дотсентон Шарипов И.Н., Ҳайдаров А., Тошев А.С. ва дигаронро номбар кардан кофист.

Соли 1998 пас аз амалӣ  гардидани системаи  маълумоти бисёрзинагӣ ва ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе додани  мақоми Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Қ. Ш. Ҷӯраев, бо ташаббуси декани онвақтаи  факултет профессор Солиев Л. факултети биология-химия ба факултетҳои мустақили химия ва биология ҷудо карда шуд.

Собиқ  устодони факултет (шодравонҳо)  профессор Зубайдов У. З., дотсентҳо Алиев Ҷ.Р., Ҳайдаров А., Абдуллоев Ф. А., Шарипов И.Н., Тошев А. С., Авлоев Ш. Ҳ. ва дигарон саҳми арзандаи худро дар пешрафт ва таълиму тарбияи ҷавонони факултет хеле назаррас гузоштаанд.

Ҳоло дар факултет зиёда аз 1300 нафар донишҷӯён дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил доранд ва ба онҳо  зиёда аз 30 нафар омӯзгорони варзида таълим медиҳанд. Дар ҳайати омӯзгорон докторҳои илм, профессорон Бандаев С. Г., Солиев Л., Бобиев Ғ.М., Абулҳаев В.Ҷ., номзадҳои илм Зарипова М. З., Гулов Т. Ё., Маҳмадмуродов А., Тошов А. Ф., Алимов С.Ш., Қурбонова Ҳ., Мусоҷонова Ҷ., Низомов И., Усмонов М., Раҳмонов Р., Бобиев Х., Ҷумаев М.Т.) муаллимони калон (Маҳмадаминов М., Файзулоева М., Касирова А. Н., Худоёрбекова З. П.) ба кори пурсамару душвори таълиму тарбия ва илм машғуланд.

Ҷолиби диққат аст, ки қариб ҳамаи онҳо даспарварони ҳамин факултет мебошанд.  Имрӯз дар факултет чор кафедра:  химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ; химияи    органикӣ ва биологӣ; методикаи таълими химия; технология ва экологияи химиявӣ амал мекунанд. Аз таъсисёбии факултет то соли 1978 сарварии факултаро номзади илми биология, дотсент Зубайдов У. З., минбаъд дотсентон Маҳмадзиёев А. М., шодравон Тураев А. К., профессор Солиев Л. дотсент Ҳайдаров А. Ҳ., профессор Бобиев F. М., дотсентон Гулов Т.Ё., Шарипов И.Н., Алимов С.Ш. Тошов А. Ф., муаллими калон Маҳмадаминов М. ва н.и.х. Муродов Д. ба ӯҳда доштанд. Алҳол ин вазифаро номзади илми химия, и.в. дотсент Усмонов М.Б. ба дӯш дорад.

Дар назди факултет лабораторияҳои илмӣ-тадқиқотӣ амал мекунанд. Муваффақиятҳои илмии кормандони факултет бахусус дар риштаи омӯзиши системаҳои бисёрҷузва ва коркарди маъданҳои мураккаби табиӣ, партовҳои саноатӣ, ҳифзи табиат ва аз онҳо ҳосил намудани маводҳои нави химиявӣ, синтез кардани моддаҳои органикии аз ҷиҳати биологӣ фаъол, коррозияи металлҳо ва роҳҳои пешгири намудани он, ҷудо намудани моддаҳои органикии фаъоли биологӣ аз таркиби растаниҳо ва таърихи биохимиявӣ Ватанӣ хеле назаррас аст.

Ҷолиби қайд аст, ки кормандони факултет солҳои тӯлонӣ аз рӯи барномаи умумииттифоқии «Реактив» корҳои хеле зиёди илмиро ба сомон расониданд. Як қатор моддаҳои бори аввал синтез кардаи онҳо ба каталогҳои умумииттифоқӣ дохил гардиданд.

Аз рӯи натиҷаи ин корҳо кормандони факултет дар намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР ширкат варзида ба гирифтани ду медали нуқрагӣ ва як медали биринҷӣ сазовор гардиданд. Дар ин ҷабҳаҳо саҳми профессорон Бандаев С.Г., Солиев Л.С., Зубайдов У.З., Бобиев Ғ.М., дотсентон Алиев Ҷ.Р., Ҳайдаров А., Шарипов И.Н., Зарипова М.З, Абдуллоев Ф.А. ва дигарон хеле зиёд аст. Як  зумра омӯзгорони факултет дар мураттабсозии барномаву дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёнаву Олӣ саҳми босазо гузоштаанд. Дар ин ҷода метавон пеш аз ҳама номҳои профессорон Солиев Л.С., Бандаев С.Г., Зубайдов У.З., дотсентон Алиев Ҷ.Р., Ҳайдаров А., Тошев А.С. ва дигаронро ёдовар  шуд. Ба қалами онҳо китобҳои дарси химия барои синфи 8 (Зубайдов У., Тошев А.). Химияи ғайриорганикӣ барои синфи 9 (Солиев Л)., химияи органикӣ барои синфи 10 (Бандаев С.Г..Зубайдов У.) химия барои синфи 11 (Бобиев Ғ.М., Зубайдов У.), машғулиятҳои амалӣ аз кимиёи органикӣ барои синфҳои 8-9 (Зубайдов У., Тошев А), китоби дарсии «Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ» (Солиев Л), дастурҳои таълимӣ «Корҳои лаборатории аз синтези органиқӣ» (Бандаев С., Абдуллоев Ф., Сафаров И), «Кимиё ва биокимиёи сафедаҳо» (Ҳайдаров А., Шарипов И.Н, Пирназаров Б), «Ферментҳо » (Ҳайдаров А.), «Асосҳои таҳлили физико-химиявӣ» (Солиев Л.) ва дигарон тааллуқ доранд.

Дар мактаби илмие, ки профессор Солиев Л. таъсис додааст ва дар доираи равияи нави илмии аз ҷониби ӯ коркардшудаи «Омӯзиши системаҳои бисёркомпонента бо усули трнаслятсия» зиёда аз 10 нафар дастпарварони факултет ва берун аз он рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуда ҳоло 3 нафар докторант, 6 нафар аспирант ва 3 нафар унвонҷӯ машғули иҷрои рисолаҳои докторӣ ва  номзадӣ мебошанд.

Ҷолиби қайд аст, ки омӯзгорони факултет ба душвориҳои солҳои охир нигоҳ накарда, барои иҷрои корҳои илмиву тадқиқоти ва илмиву методӣ донишҷӯёнро фаъолона сафарбар менамоянд. Як зумра донишҷӯёни факултет натиҷаи корҳои илмиашонро дар якҷоягӣ бо роҳбарони илмиашон дар конфронсҳои бонуфузи илмӣ ба муҳокима гузошта, дар маҷалла ва маҷмӯаҳои илмии дохил ва хориҷӣ кишвар чоп намудаанд.

 

 

 

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj