• Tajik
  • Russian
  • English
Факултетҳо
There are no translations available.

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ, ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА ФАРОГИР

Қабул карда шудани Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011-2015 ва иҷро гардидани он  зарурияти тайёр намудани мутахассисони салоҳиятнокро талаб менамояд. Ба зимаи Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иҷро намудани чунин вазифаи масъулиятнок ва бошараф вогузор гардид. Он чун донишгоҳи пойгаҳӣ, ки заминаҳои кадрию хоҷагӣ дорад эътироф гардидааст.

Моҳи сентябри соли 2015 дар назди факултети педагогикаи донишгоҳ кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир, таъсис гардид ва и.в мудири кафедра номзади илми  педагогӣ Рамазонова. Р.С таъин гардид. Бо ба миён омадани эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилотӣ бо равоншинос ва осебшинос барои кӯдакони имконияти маҳдуди таҳсилотӣ дошта бо пешниҳоди дастгирии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Қарори Шӯрои илмии донишгоҳ аз 10 августи соли 2016 факултети Психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир ташкил карда шуд. Тибқи нақша дар факултет мутахасисон дар соҳаҳои зайл барои ташкилу баргузории таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, маълумоти умумӣ ва махсус мутахассисон тайёр карда мешаванд.

v мураббияи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ

v мураббияи муассисаи томактабӣ-омӯзгори забони англисӣ;

v мураббияи муассисаи томактабӣ- равоншинос амалӣ;

v логопед- омӯзгори синфҳои иптидоӣ;

v олигофренопедагог(осебшиноси кӯдакони нуқсони ақлию зеҳнидошта)-омӯзгори таърих;

v сурдопедагог (осебшиноси кӯдакони нуқсони узви шунавоидошта) информатика;

v равоншиноси амалӣ.

Новобаста ба мушкилотҳо (набудани устодони унвон ва дараҷаҳои илмии соҳаи психология, тез-тез иваз шудани нақшаҳои таълимӣ ва ғайраҳо) кафедраҳои дар факултет фаъолиятдошта - назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ, педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир барои тайёр намудани мутахассисони таҳсилоти  фарогир дар муассисаҳои томактабӣ ҳиссагузорӣ менамоянд. Имрӯз дар шӯъбаи таҳсилоти рӯзона    314  нафар ва дар шуъбаи таҳсилоти  ғоибона 656 нафар донишҷӯён ба таҳсилу тадрис фаро гирифта шудаанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj