Факултетҳо |
There are no translations available. ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБИИ ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ
Дар асоси ба миён омадани эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилотӣ ба психолог ва мутахассисон-дефектологон барои кӯдакони имконияти маҳдуд таҳсилдошта, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 10 августи соли 2016, дар заминаи факултети таҳсилоти ибтидоӣ, факултети психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир ташкил карда шуд. Соли 2017 дар заминаи факултети навтаъсис иловатан чор ихтисоси дигар: психология иҷтимоӣ, психологияи умумӣ, психологияи педагогӣ ва психологияи муноибатҳои оилавӣ таъсис дода шуданд. Соли 2018 дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз тобеъи факултети номбурда, ихтисосҳои томактаби ба дигар факултет гузаронида шуда, аз моҳи августи соли 2018 факултет “Психология ва таҳсилоти фарогир ” ном гирифт . Вазифаи аввалини декани факултети мазкур ба зиммаи номзади илмҳои педагогӣ М .Обидова гузошта шуда, айни ҳол вазифаи декании факултетро Солеҳсода Мадина Солеҳ ба ба уҳда дорад. Сохтори садорат факултет аз муоввини декан оид ба корҳои таълим, муовини декан оид ба корҳои тарбия, муовини декан оид ба илм, коргузор ва кафедраҳои амалкунанда иборат мебошад. Айни замон дар факултет чор кафедра фаъолият дорад: кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ, кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир, кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ, кафедраи умумидонишгоҳии психология. Донишҷуёни факултет аз рӯи 12 ихтисосҳои амалкунандаи психологияи педагогӣ, умуми, муносибатҳои оилавӣ, иҷтимоӣ, амалӣ, сурдопедагогика-информатика олигофрено-педагтика таърих ва логопедия-таҳсилоти ибтидоӣ ба таҳсил фарогиранд. Шакли таҳсил дар факултет рӯзона ва фосилавӣ буда, ба ҷараёни он бештар аз 1000 нафар муҳасиллин ҷалб гардиданд. Инчунин дар факултет таҳсил аз рӯи ихтисосҳои психологияи амалӣ ва логопедия магистрон, доктор PhD аз руи ихтисосӣ дефектолог ба роҳ монда шудааст. Дар солҳои гуногун устодони варзидаи кафедраҳои факултет А.М.Баҳоваддинов, З.Л.Беркович, Тарговиц Н.А., Бикчентай, М.Г.Ярошевский, Антонемко А., Покровская М.Х., Н.А.Бикчентай, М.Г.Ярошевский М.К.Казачкова., Н.Н.Турсунов, В.Х.Солеҳбоев, С.Н.Алиев, Пудинаев А, Юнусова Н.М, Маҷидова Б., Маҳмудов Ш, Саидов М.В ва дигарон дар тарбияи ҷавонон саҳмгузоранд. |