• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Рӯзи равоншиносон  бошукӯҳ таҷлил шуд

Бахшида ба Рӯзи касбии психологон, ки ҳамасола 10-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, дар факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир конференсияи илмӣ-амалӣ миёни донишҷӯён баргузор гардид. Дар конфронс устодону донишҷӯёни факулта ширкат варзиданд.

Конфронсро декани факулта, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент М.Обидова оғоз бахшида, зарурати омӯзиши илми психологияро ба пуррагӣ тавзеҳ дод. Қайд намуд, ки бояд психологон, на танҳо бо инсон, балки бо тамоми мавҷудоти зинда кор карда тавонанд.

Сипас, устоди кафедраи педагогика ва психология Т.Олимов дар мавзӯи «Омилҳои асосии ҷудошавии оилаҳо» суханронӣ карда, ба донишҷӯён бо далелу санадҳои саҳеҳ ва тадқиқоти асоснокнамудаи равоншиносон тавзеҳ бахшид, ки дар байни дигар омилҳое, ки боиси ҷудошавии оилаҳо мегарданд, омили номувофиқатии равонии ҳамсарон мавқеи махсусро ишғол кардааст.

Дар қисмати дигар бошад, донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ ва саҳначаҳои тарбиявӣ доир ба мавзӯъҳои зӯроварӣ ва намудҳои он, сабабҳои сар задани низоъҳои оилавӣ, асосҳои ёрии психологӣ ба ҷабрдидагони гирифтори зӯроварӣ дар оила ва дигар мавзӯъҳои алоқаманд баромад намуданд. Қисмати хотимавии конфронс бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон ҷолибу таъсирбахш буд.

Саидаброр САИДӢ, донишҷӯ

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj