• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Шаби шеъри Шукрона

Боиси ифтихор аст, ки бархе аз донишҷӯёни мо соҳибистеъдоданду лаёқати хуби шоириву нависандагӣ доранд. Ин гуна ҷавонон лоиқи дастгирианд, то номбардори донишгоҳу миллат бошанд.

Дар ин раванд 21-уми октябри соли равон Шоми эҷодии шоираи навқалам, донишҷӯи соли 4-уми факултаи химия

 

Шукронаи Фозилзода баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки чанде пеш чунин маҳфил бо иштироки Мафтунаи Абдукарим, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷик, доир гардида буд. Ташкили чунин маҳфилҳо шавқи ҷавононро ба адабиёт бештар намуда, ҳисси шеърдӯстию маърифатпарастии онҳоро баланд мебардорад.

Шукронаро дар ин шаби эҷодӣ дӯстону пайвандон, волидайн ва устодону ҳамсабақонаш табрик гуфта, аз эҷодиёташ намунаҳо қироат намуданд.

Дар қисмати дуюми маҳфил барои болидахотирии иштирокчиён рақсу сурудҳои дилнишин пешкаш карда шуд.

И.Қосимов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj