• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Эҳтироми забон шинохти миллат аст

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ  дар донишгоҳ  бо ташаббуси факултаи филологияи тоҷик конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар он декани факулта, номзади илмҳои филологӣ Боймурод Шарифов, профессор Ғаффор Ҷӯраев, директори Институти забон ва адабиёт ва мероси хаттии АИ ба номи Рӯдакӣ Сахидоди Раҳматулло ва мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Азиз Мирбобоев иштирок доштанд.

Ҳамоишро Б.Шарифов оғоз бахшида, қайд кард, ки мо-насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забонамон дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Мо, тоҷикзодагони асил, ҳамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро поку беолоиш нигоҳ дорем, нагузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модарӣ коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо-забондорон вобаста аст.

Зимни ироаи маърӯзаи хеш доктори илмҳои филологӣ Ғ.Ҷӯраев зикр кард, ки яке аз бузургтарин рукнҳои ташаккул, тараққиёт ва камолоти ҳар миллат забони ӯст. Тавассути забон миллат метавонад қадами устувор ва собит дар шоҳроҳи худшиносӣ ва мондагориву пояндагӣ бигузорад. Агар гуфта шавад, ки тавассути забон тоҷикон то имрӯз ҳамчун миллат дар дунё шинохта ва эътироф шудаанд, муболиға нахоҳад шуд. Зеро забон буд, ки дар дарозои таърих гузаштагони фарҳангии мо-шоирону носирон, олимону ҳакимон аз худ мероси гаронбаҳои хаттӣ боқӣ гузоштанд. Суханҳои пургавҳари устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҳаким Саноӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз ва садҳо тани дигар баёнгар ва нишонаи ин гуфтаҳо хоҳанд буд, ки бо забони ноби тоҷикӣ ва ба гуфтаи худи онҳо, «дурри дарӣ» афкори баланди хешро рӯйи коғаз овардаанд. Азиз Мирбобоев забони тоҷикиро яке аз забонҳои куҳантарини дунё арзёбӣ намуда, ба шохаи забонҳои эронии гурӯҳи ҳинду-эронии оилаи ҳиндуаврупоӣ тааллуқ доштани онро ёдрас кард.

Дар идома аз тарафи донишҷӯён қироати шеърҳо дар васфи забон шунида шуд.

Фарзона Турсунова, донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj