• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Шӯрои нави ҳимояи рисолаҳо ба фаъолият шурӯъ кард

Дар донишгоҳ Шӯрои дифоъ дар риштаи табиатшиносӣ ва география ифтитоҳ гардид, ки рӯйдоди фараҳбахшу нишотангез аст. То ин муддат барои ҳимояи рисолаи номзадӣ довталабони моро лозим меомад, ки ба Русия рафта, рисолаи номзадии хешро ҳимоя кунанд ва албатта, барои ин маблағи калон сарф мешуд.

Зимни оғози фаъолияти шӯро, ки 11-уми октябр баргузор гардид, нахуст ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ сухан гуфта, таъсиси шӯроро падидаи хуб ва муҳим барои пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки шӯро, натанҳо ба номзадҳо диплом медиҳад, балки барои тарбияи мутахассисони ҷавону болаёқат дар ҷодаи илм нақши калидӣ дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки шӯрои мазкур дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар базаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Русия иҷозат дода шудааст. Раиси Шӯрои дифоъ доктори илмҳои географӣ, профессор Холназар Муҳаббатов таъйин гардида, дар ҳайати шӯро 20 нафар олими ватаниву хориҷии (аз Русия) соҳаи география фаъолият мебаранд.

Х.Муҳаббатов зимни суханрониаш иброз намуд, ки дар Тоҷикистон география хуб омӯхта нашудааст. Географияи иқтисодии Тоҷикистон, проблемаи пиряхҳо, офати табиӣ ва садҳо мавзӯи дигар таҳқиқталабанд.

Аъзои дигари шӯро низ назари хешро доир ба таъсис ва фаъолияти минбаъдаи шӯро баён доштанд.

И.Қосимов

 

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj