• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Варзиш – гарави саломатӣ ва зебоӣ

Шурои занон ва духтарони ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар ҳамкори бо кафедраи тарбияи ҷисмони байни донишҷӯдухтарони факултетҳо мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди варзиши сабук давидан ба дарозии 100 метр баргузор намуд.

Дар мусобиқа 46 нафар донишҷӯдухтарон ширкат варзиданд.Ҷои аввал насиби донишҷӯи курси 3-юми факултети забони англисӣ Раҷабова  Суман гардид. Нурмамадова Салима (факултети романи-германӣ) ва Очилдиева Гулноза (факултети таърих) сазовори ҷои дуюм гаштанд.Ҷойи сеюмро Муминова Шаҳноза (технология ва сохибкорӣ), Бегматова  Машҳура (факултети забони англисӣ) ишғол намуданд. Чорабинии варзишӣ бо мақсади тарбияи тарзи ҳаёти солим ва ҷалб намудани духтарҳо ба варзиш баргузор гардид.

Ба ғолибон аз тарафи Иттифокӣ касабаи донишҷӯён туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.

Баротова Маҳина

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj