• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Конститутсия-кафили озодӣ ва саодати ҷомеа

Ҳамоише, ки ба 22-юмин солгарди Рӯзи Конститутсия бахшида шуда буд, бо суханронии ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ оғоз гашт. Мавсуф мафҳумиконститутсияро ташреҳ дода, онро муайянкунандаи ҳуқуқи инсон аз тарафи давлат ва ҷамъият унвон кард. - Роҳнамои мо, бахтномаи мо, тамоми пешрафти ҷомеаи мо ба Конститутсия вобаста аст, - таъкид намуд ректор.

Баъдан, муовини ректор оид ба илм А.Муллоев дар мавзӯи «Конститутсия-кафили озодӣ ва саодати ҷомеа» маърӯза кард. Ӯ иброз дошт, ки мо Конститутсияро раҳкушо, дурнамои истиқлолияти худ меҳисобем ва он дастоварди бузургтарини кишварамон ба ҳисоб меравад. Дар баробари тараққиёт ва пешрафти замон ба Конститутсияи мо низ тағйиру иловаҳо ворид мегарданд, ки ин далел аз ҳамқадами замон будан аст. Конститутсияи мо дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф шудааст.

Дар ҷамъбаст маърӯзаи мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ Ф.Давлатов дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ» шунида шуд. Ӯ қайд кард, ки қонуни давлат шахшуда нест, балки он бо талаботи замон тағйир ёфта меистад. Мо бояд ин қонунро бахтномаи худ донем, омӯзем. Донистани қонун барои ҳамаи мо зарур аст.

Дилафрӯз Муқимова,

донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj