There are no translations available.
ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОГРАФИЯ
Факултети география соли 1936 таъсис ёфтааст. Дар таъсис ва ташаккулёбии он саҳми олимони рус Горбунов Н.Л., Шербаков Д. И., Наливкин Д.Л., Павловский Е.Н., Федченко Б.А. хеле калон аст. Аввал дар факултет 2 кафедра – географияи иқтисодӣ, ки онро профессор Танаевский В.А. ва географияи табиӣ, ки онро Голтс И.С. роҳбарӣ мекарданд, таъсис ёфт. Минбаъд дар ташаккули факултет саҳми олимони рус- географ Промтов А.Н., ситорашинос Лебедев С.С., иқлимшинос Бороздин Л.Д., геолог Илин С.И., геодезист Морозов Г.С. ва дигарҳо хеле назаррас аст. Бо ташаббус ва ҳамкории олимон ва омӯзгорони факултети географияи Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов, Институти географияи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1937 дар назди факултет осорхонаи география кушода шуд, ки дар намоишгоҳи он намунаи харитаҳои гуногун, схемаҳо, намудҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва сарватҳои табии зеризаминӣ, картограммаю картосхемаҳои кӯҳ ва ҳамвориҳои яхбаста, ботлоқзорҳо, ҷангалзорҳо гузошта шуда буданд, ки ҳоло онҳо дар синфхонаҳои факултет ҳамчун васоити таълимӣ истифода карда мешаванд. Дар ибтидои фаъолият факултет ҳамгӣ 28 нафар донишҷӯ дошт. Соли 1940 дар факултет 5 синфхонаи муҷаҳҳаз мавриди истифода қарор гирифт. Кафедраи география барои ташкил ва пойдор шудани Ҷамъияти географии Тоҷикистон дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳисса гузошт. Соли 1940 14 нафар ҷавонон факултетро хатм карданд. Аз хатмкунандагони солҳои аввали факултет Зиёев Д.З., Лолаев Н.Т., Боқиева Р.А., Лолаева Т.К., Торчевская В.И., Сенюшкин К.Д., Шукуров М.Ш., Мамадҷонова М.Ю., Ҳайдарова Р.Н. дар донишкада ҳамчун муаллим кор карданд. Соли 1940 бори аввал аз рӯи ихтисоси география қабул ба аспирантура оғоз ёфт. Солҳои 1947–1957 вазифаи декани факултетро Танаевский В.И., минбаъд ин вазифаро Лолаев Н.Т., Промтов А.Н., Хонсуворова М.Ҷ., Мамадҷонова М.Ю., Ҷӯраев Қ.Ш., Зубайдов У.З., Пӯлодов Д., Диловаров Р.Д., Мусоев З.М., Ҷӯраев А.Ҷ., Акобиров Ш.З., Зикиров Ҳ. ба ӯҳда доштанд. Имрӯз декани факултет Номзади илмҳои география, дотсент Самиев А. мебошад. Дар сохтори факултет то соли 1998 панҷ кафедра, аз соли 1998 чор кафедра, аз ҷумла кафедраи географияи иқтисодӣ (мудири кафедра номзади илмҳои география,дотсент Қаландаров А), кафедраи геоэкология (мудири кафедра номзади илмҳои биология, профессор Раҳимов М.), кафедраи методикаи таълими география ва туризм (мудири кафедра муаллими калон, Содиқов Ш) кафедраи географияи табиӣ (мудири кафедра муаллими калон Рауфов Р.), фаъолият доранд. Дар кафедраҳо омӯзгорон ба тадқиқи проблемаҳои муҳими замони муосир, аз ҷумла тарз ва усулҳои ташкили минтақавии истеҳсолот, масъалаҳои муҳими экологӣ, ноҳиябандии иқтисодӣ, методикаи таълими география ва ғайра машғул мебошанд. Солҳои охир аз тарафи олимони факултет як қатор китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва рисолаҳои илмӣ ба нашр расиданд. Аз ҷумла: «Заминшиносии умумӣ» (дастури методӣ,1990), «Размещение производительных сил и экономика районов» (1991), «География» (дастури таълимӣ, 1991), «Об – манбаи ҳаёт» (2003), «Памир: природный потенциал и перспективы развития экономики» (2005), «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон» (китоби дарсӣ барои синфи 9, 2006), «Географияи Тоҷикистон» (дастури методӣ, 2010), «Заминшиносии умумӣ» (китоби дарсӣ 2016). Ичунин китобҳои дарсии мактабӣ: «Географияи Тоҷикистон» синфи 8, «Географияи иқтисодии мамлакатҳои хориҷӣ» синфи 9, аз тарфи олимони факултет чоп ва пешниҳод гардиданд Дар ташкил ва инкишофи факултет саҳми устодон Ҷӯраев Қ.Ш., Пулодов Д., Зиёев Д.З., Ҷабборов И.К., Додхонов Н., Баҳриддинов Н., Худоиев Н.Х., Мадалиев Н.М., Ҳайдарова Н.Д., Мамадҷонова М.Ю., Қурбоншо Ё.Қ., Юсуфбеков А.Ю., Сатторова Ҳ. хеле калон аст. Имрӯз ин кори пурмашаққат, вале ифтихормандро омӯзгорони пуртаҷриба Муҳаббатов Х.М., Ҷӯраев А.Ҷ., Мусоев З.М., Самиев А., Ёдгорова Г., Гуруков Т., Додобоев Т.П., ва омӯзгорони ҷавон Қаландаров А., Раҳимов М., Рауфов Р.Н., Содиқов Ш,, Табаруков М., Мизомуддинов Д., Гурукова О.В. Фархуддинов С., Гулмирзоев Қ., Валиев С., Сабуриён М. Собиров М. ва дигарон идома медиҳанд.
Шӯрои диссертатсионӣ оид ба географияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рекреатсионӣ соли 2016 ташкил карда шуд. Соли 1990 дар факултет шӯъбаи ҳифзи табиат ва соли 1998 шӯъбаи туризм ва соли 2016 ихтисосҳои «география – яхшинос», «география-иқлимшинос» ва «география-хариташинос» кушода гардиданд. Дар факултет ҳоло 3 доктори илм, профессор, 6 номзади илм, дотсент ва 14 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекунанд. Айни ҳол дар факултет аз рўи 7 ихтисос мутахассисон омода к4арда мешаванд. Шумораи умумиии донишҷӯён дар факултет зиёда аз 1025 нафарро ташкил медиҳад. Аз онҳо 482 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 543 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.
|