• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Муаррифии асарҳои пурарзиши Президент

Ҳамоишеро, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ баргузор гардид, ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ифтитоҳ намуд. Мавсуф аз солҳои мудҳиши ихтилофоти шаҳрвандӣ ёдовар шуда, махсусан, ҷасорати Сарвари давлатро қайд кард. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт, гурезагон ба Ватан баргаштанд, хатари аз байн рафтани кишвар рафъ гашт. Бо туфайли сиёсати пешгирифтаи Президент Тоҷикистонро баъди 1000 соли бедавлатӣ дар арсаи ҷаҳон боз шинохтанд. Айни ҳол Тоҷикистон дар қатори давлатҳоест, ки рушд мекунанд, ташаккул меёбад. Дар дарозои 25 соли Истиқлолият хизматҳои Сарвари давлат барои халқу миллат беандоза зиёданд. Ҳар як фарди Тоҷикистонро мебояд корномаи Сарвари кишварро сабақи зиндагии хеш қарор диҳад ва ба қадри имкон барои ободии Ватан саҳм гузорад.

қисмати асосии ҳамоиш ба муаррифии китобҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуд. Омӯзгор Ғайратшо Роҳатов оид бамуҳтавои як силсила китобҳои Президенти мамлакат суханронӣ кард.

Мавсуф қайд кард, ки барои муаррифии китобҳои Сарвари давлат як-ду маҳфил кам аст. Ҳамин нуктаро мебояд зикр кард, ки Президент тамоми саъю кӯшиш ва неруву қудраташро барои ободии Ватан сарф менамояд. Соли 1992 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» тамоми давраҳои таърихи тоҷиконро хеле равшан ба қалам додааст.

Давлатшоҳ Маҳмудов, омӯзгори факултаи таърих, донишҷӯёнро ба амиқ омӯхтани илмҳои замони худ даъват карда, дар бораи китобҳои дигари Президент маълумот дод.

И.Қосимов

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj