• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Ифтитоҳи кафедраи пойгоҳӣ дар мактаб

Бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ ва кафедраи методикаи таълими физика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70, ки ҳамчун кафедраи пойгоҳии фанҳои дақиқ ба шумор меравад, семинар дар мавзӯи «Истифодаи методҳои интерактивӣ дар таълими физика» доир гашт.

Дар семинар сардори раёсати таълим Б.Самиев, роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Ҷ.Исломова роҳбарияти муассисаи номбурда ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии н.Исмоили Сомонӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Семинарро ба сухани ифтитоҳӣ Б.Самиев оғоз намуд. Мавсуф ба роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд. Инчунин, моҳият ва вазифаи кафедраи пойгоҳии донишгоҳиро дар ин муассиса ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, мудири кафедраи таълими физикаи донишгоҳ, дотсент, У.Умаров дар мавзӯи «Асосҳои назариявию амалияи истифодаи методҳои интерактивӣ дар таълими физика» маърӯза кард.

Муаллими калони кафедраи методикаи таълими физика Г.Бобониёзова бошад, дар мавзӯи «Роҳҳои истифодаи методҳои интерактивӣ дар таълими физика» баромад намуд.

Семинар бо пешниҳодот ва суолҳою посухҳои омӯзгорон ва донишҷӯён ҷамъбаст гардид.

Давлатмоҳ Абдуллоева,

донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj