• Tajik
  • Russian
  • English
менюхо
There are no translations available.

ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣдар мақомоти интихобӣ, органи қонунбарор ва намояндагии ҳайати асосии муассисаи таълимӣ буда, баррасикунандаи мубрамтарин масъалаҳои  самти таълим, илм, тарбия, робитаҳои хориҷӣ ва хоҷагидорӣ мебошад.

Фаъолияти ин ҳайат дар асоси “Низомномаи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” ва “Оинномаи муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати Шурои олимони донишгоҳ аз ҷониби раиси ҷаласа, ректори донишгоҳ ва дигар аъзоёни он муайян карда мешавад.

Шурои олимони донишгоҳ фаъолияти худро аз соли 1931, ҳангоме ки ҳайати профессорию омӯзгорӣ аз 5 доктори илм, профессор ва 48 номзади илм иборат буд, оғоз бахшидааст. Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз 23 раис ба ҷаласаи шуро роҳбарӣ намудаанд:

  1. Пӯлодов Абдуҳамид 1931-1932
  2. Кенҷаев Тоҳир 1932-1933
  3. Пӯлодов Абдуҳамид 1934-1935
  4. Атоев Маҳмуд 1936-1936
  5. Ҳақбердиев Абдукарим 1936-1937
  6. Евсеев Павел Георггевич 1937-1940
  7. Содиқов Ҳошим 1940-1943
  8. Шукуров Ориф 1943-1953
  9. Мирмуллоев Мақсудҷон 1953-1957
  10. Солеҳбоев Ҳотам 1957-1961
  11. Шукуров Ориф 1961-1970
  12. Ҷӯраев Қандил 1970-1979
  13. Ғаффорова Мунзифа 1979-1988
  14. Ҷӯраев Қандил 1988-1990
  15. Ямоқов Эргаш 1991-1995
  16. Расулов Қурбон 1995-2005
  17. Асозода Худойназар 2005-2008
  18. Саид Нуриддин 2008-2008
  19. Шарифов Зариф Раҳмонович 2008-2011
  20. Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз 2011-2014
  21. Салимӣ Носирҷон Юсуфзода 2014-2019
  22. Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода 2019-2022

Айни ҳол, роҳбарии онро д.и.т., профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло бар уҳда дорад. Ҳайати  имрӯзаи шурои олимон 35 нафарро ташкил медиҳад ва “Нақшаи кории Шурои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ”  санаи 29.08.2023, таҳти №1/1 аз ҷониби раиси ҷаласа, ректори донишгоҳ тасдиқ гардидааст. Нақшаи кории шурои олимони донишгоҳ барои соли таҳсили 2023-2024 аз рӯйи фарогирии 67 масъалаҳои асосии қисми таълим, илм, тарбия, робитаҳо, хоҷагидорӣ ва иқтисод пешбинӣ шудааст. Масъалаҳои ҷорӣ бошанд, ҳамасола аз 135 то 150-ро дар бар мегиранд. Пас аз анҷоми ҳар як нимсолаи таълимӣ зери роҳбарии бевоситаи раиси ҷаласа, ректори донишгоҳ гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, раванди иҷрои қарорҳои шурои олимон натиҷагирӣ карда мешавад.

Накшаи Шурои олимони ДДОТ 2023-2024 бо тағйиру иловаҳо

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj