• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Сохтор

ШУРОИ ОЛИМОНИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мақомоти интихобӣ, органи қонунбарор ва намояндагии ҳайати асосии муассисаи таълимӣ буда, баррасикунандаи мубрамтарин масъалаҳои  самти таълим, илм, тарбия, робитаҳои хориҷӣ ва хоҷагидорӣ мебошад.

Фаъолияти ин ҳайат дар асоси “Низомномаи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” ва “Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати Шурои олимони донишгоҳ аз ҷониби раиси ҷаласа, ректори донишгоҳ ва дигар аъзоёни он муайян карда мешавад.

Шурои олимони донишгоҳ фаъолияти худро аз соли 1931, ҳангоме ки ҳайати профессорию омӯзгорӣ аз 5 доктори илм, профессор ва 48 номзади илм иборат буд, оғоз бахшидааст. Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз 23 раис ба ҷаласаи шуро роҳбарӣ намудаанд:

Пӯлодов Абдуҳамид 1931-1932

Кенҷаев Тоҳир 1932-1933

Пӯлодов Абдуҳамид 1934-1935

Атоев Маҳмуд 1936-1936

Ҳақбердиев Абдукарим 1936-1937

Евсеев Павел Георггевич 1937-1940

Содиқов Ҳошим 1940-1943

Шукуров Ориф 1943-1953

Мирмуллоев Мақсудҷон 1953-1957

Солеҳбоев Ҳотам 1957-1961

Шукуров Ориф 1961-1970

Ҷӯраев Қандил 1970-1979

Ғаффорова Мунзифа 1979-1988

Ҷӯраев Қандил 1988-1990

Ямоқов Эргаш 1991-1995

Расулов Қурбон 1995-2005

Асозода Худойназар 2005-2008

Саид Нуриддин 2008-2008

Шарифов Зариф Раҳмонович 2008-2011

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз 2011-2014

Салимӣ Носирҷон Юсуфзода 2014-2019

Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода 2019-2022

Айни ҳол, роҳбарии онро д.и.т., профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло бар уҳда дорад. Ҳайати  имрӯзаи шурои олимон 35 нафарро ташкил медиҳад ва “Нақшаи кории Шурои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ”  санаи 29.08.2023, таҳти №1/1 аз ҷониби раиси ҷаласа, ректори донишгоҳ тасдиқ гардидааст. Нақшаи кории шурои олимони донишгоҳ барои соли таҳсили 2023-2024 аз рӯйи фарогирии 67 масъалаҳои асосии қисми таълим, илм, тарбия, робитаҳо, хоҷагидорӣ ва иқтисод пешбинӣ шудааст. Масъалаҳои ҷорӣ бошанд, ҳамасола аз 135 то 150-ро дар бар мегиранд. Пас аз анҷоми ҳар як нимсолаи таълимӣ зери роҳбарии бевоситаи раиси ҷаласа, ректори донишгоҳ гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, раванди иҷрои қарорҳои шурои олимон натиҷагирӣ карда мешавад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj