• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Факултетҳо

ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ

Факултети таърих ва ҳуқуқ соли 1931 баробари ифтитоҳи донишгоҳ таъсис ёфтааст. 18-уми июли соли 1931 донишкадаи олии агропедагогии тоҷик дар заминаи шуъбаҳои таъриху иқтисодиёт соли 1934 ба шуъбаи таъриху  адабиёт табдил ёфт ва 23-уми феврали соли 1935 бо сабаби ба низоми идоракунии факултети гузаштани донишкада, дар заминаи ин шуъба факултети таърих ташкил ёфт. Баъдан факултет борҳо тағири ном кардааст. Аз ҷумла, бо номҳои факултети таъриху филология, таъриху география, таъриху методикаи таълими ибтидоӣ, таърих фаъолият намуда, аз сентябри соли 2022 ҳамчун факултети таърих ва ҳуқуқ амал мекунад.

Дар давоми таърихи зиёда аз 90 солаи фаъолият шумораи донишҷуёни факултет пайваста афзоиш меёфт. Соли 1932 бори нахуст шуъбаи таъриху иқтисодиётро 19 нафар хатм намуданд, соли 1940 шумораи донишҷуёни факултет ба 87 нафар расид. Ибтидои соли таҳсили 1960-1961 дар факултет 358 ва соли 1978 733 нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд. Дар арафаи пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ факултет 765 нафар днишҷӯ дошт. Соли таҳсили 2011-2012 дар факултет 900 нафар донишҷӯён машғули тадрис буданд, ки 497 нафари онҳо дар шуъбаи рӯзона мехонданд. Феълан дар фаултет зиёда аз 1500 нафар донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Нақши факултет дар ташаккули нахустин мактаби олӣ ва пешрафти илму фарҳанги ҷумҳури ниҳоят бузург мебошад. Дастпарварони факултет дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ барои рушди ҷомеа фаолият доранд. Аз ҷумла, ду нафар хатмкардагони факултет ходимони барҷастаи сиёсӣ гардидаанд, ки дар баробари кору фаъолият дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, инчунин роҳбарии донишгоҳи мазкурро ба ӯҳда доштанд – доктори илмҳои фалсафа, профессор Саид Нуриддин Саид ва доранд – доктори илмҳои таърих, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло.

Дар доираҳои илмиву фарҳангии ҷумхурӣ ва берун аз он номи олимони шинохта, дастпарварону устодони факултет академики АИ ИҶШС Б. Ғафуров, академики АИ педагогии ИҶШС М.Э. Эркаев, академикҳои АИ Тоҷикистон Б. Искандаров, А.М. Мухторов, Р. Масов, А. Баховаддинов, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Р.Ю. Юсуфбеков, Ҳ. Пироншоев, докторҳои илм, прафессорон М.Р. Шукуров, О.Р. Маҷлисов, М.Н. Назаршоев, Н.М. Акрамов, Т.Г. Тухтаметов, Т.Р. Каримов, А. Ҳакназаров, А. Ҳусайнов, А. Валиев, маълуму машҳуранд.

Дар ташакул ва рушди факултет саҳми сарварони он арзанда аст. Солҳои гуногун декани факултетро Гаврилкин К.Н, Зилберова Э.А., Аббос Алиев, Хонсуварова М.Ҷ, Маҷлисов  О.Р., Умаров Т.У., Исоев Я.Ғ., Сангинов Н.,  Шерғозиев М., Пироншоев Ҳ., Назруллоев С., Давлатбеков Н., Каримов А.А., Ҳакимов Р.М., Файзализода Ҷ.Х. Убайдуллоев Н.К., Муродзода А.А., Ҳусайнов А.Қ. ба уҳда доштанд. Аз 10-уми марти соли 2023 декани факултет номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Назарзода Давлатхон Қурбонмурод мебошад.

Факултети таърих ва ҳуқуқ аз рӯи 10 ихтисоси амалкунанда дар зинаи бакалавриат, магистратура ва доктарантура, доктор аз рӯи ихтисос (PhD) мутахассис омода менамояд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj