• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Баргузории маҳфил дар хобгоҳҳо

Мувофиқи нақшаи садорат ва қисми тарбияи факултаи таърих 23-юми ноябр дар хобгоҳҳои рақамҳои 2 ва 3 ба ифтихори Рӯзи Парчам маҳфил гузаронида шуд. Дар чорабинӣ муовини декан оид ба тарбияи факултаи таърих Т.Наҷмиддинов, раиси Шӯрои занони донишгоҳ С.Қувватова ва раиси Шӯрои духтарони факулта Рисолати Раҷабалӣ иштирок намуданд. С.Қувватова гуфт, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва умуман, мардуми тоҷик, ки дар манотиқи гуногуни ҷаҳон зиндагӣ доранд, бояд ифтихор намоянд, ки Парчами мо дар баландии 165 метр парафшонӣ дорад. Мо бояд Парчами давлатро эҳтиром намоем.
Рисолати Раҷабалӣ бо донишҷӯён дар бораи парчам суолу ҷавоб доир намуд ва фаъолон бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Суннатулло Қаюмов, донишҷӯи соли 1-уми факултаи таърих

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj