• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Кафедраи назарияи иқтисод 60-сола шуд

Кафедраи назарияи иқтисоди донишгоҳи мо 60-сола шуд ва бахшида ба ин санаи муҳим садорати факултаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф конференсия дар мавзӯи «Мақоми кафедраи назарияи иқтисод дар ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллӣ» ташкил намуд.
Нахуст номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор А.Насимов дар бораи пайдоиши кафедра ва факулта, нақши нафароне, ки дар таъсиси кафедраву факулта саҳм доштанд, сухан гуфт.
Ш.Азизов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, ба донишҷӯён аз шарҳи ҳоли омӯзгорони кафедраву факулта, аз пайдоиш то имрӯз маълумоти муфассал ироа намуд. Дар конференсия, ҳамчунин, К.Дарингов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, омӯзгори Донишгоҳи технологӣ ва Г.Оймаҳмадов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, иштирок доштанд ва дар навбати худ сухан гуфтанд. Конференсия дар ду бахш идома ёфт ва маърӯзачиёни дигар дар бахши дуюм баромад намуданд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj