• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Ба ҳаёти мустақилона омода бояд буд

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯдухтарон, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ дар доираи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ», ки аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр дар тамоми ҷаҳон эълон шудааст, 30-юми ноябр дар донишгоҳ мизи мудаввар баргузор гашт. Дар ин вохӯрӣ роҳбари маркази буҳронии «Боварӣ ба фардо» Г.Аҳророва, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Маҳмадалиева, ҳуқуқшиносон Д.Назарова ва М.Ҳусейнова, равоншинос Ш.Аминова ва дигар занони фаъол ширкат доштанд.
Г.Аҳророва дар суханрониаш қайд кард, маркази мо ба шахсоне, ки ба ин ё он намуди зӯроварӣ дучор шудаанд, ёрии амалӣ мерасонад. Дар марказ хуқуқшиносон, равоншиносон ва табибони варзида фаъолият карда, ройгон ба муштариён хизмат мекунанд. Ҳамаи суҳбатҳо инфиродӣ ва махфӣ гузаронида мешаванд.
Раиси Шӯрои занони маҳаллаи Равшангарон Ф.Каримова вайроншавии оилаҳоро ба бесабрии духтарон нисбат дод. Зеро дар ҳолати пайдо шудани мушкилӣ наварӯсон зуд ба модарашон хабар медиҳанд ва калонсолон ба зиндагии навхонадорон дахолат карда, боиси вайроншавии оила мегарданд.
Ҳуқуқшинос Д.Назарова чор намуди зӯроварӣ: зӯроварии рӯҳӣ, зӯроварии ҷисмонӣ, зӯроварии иқтисодӣ ва зӯроварии шаҳвониро бо мисолҳо ташреҳ бахшид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ викторина ташкил шуд ва фаъолон бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.

И.Қосимов

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj