Факултетҳо |
ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА СОҲИБКОРӢ Факултети технология ва соҳибкорӣ соли 1975 дар заминаи кафедраи «Асосҳои истеҳсолот» -и факултети физика таъсис дода шудааст. Факултети технология ва соҳибкорӣ аз солҳои аввали таъсисёбиаш (1975) то ҳол, чор маротиба тағйири ном кардааст. Бори аввал соли (1975-1998) факултети саноатию-омӯзгорӣ, соли (1998-2008) технология ва соҳибкорӣ, соли (2008-2013) технология ва бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 24.04.2013 то имрӯз технология ва соҳибкорӣ номгузорӣ карда шудааст. Рушду нумуи факултети технология ва соҳибкорӣ ба заҳмати ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони техникӣ, ки қувваю дониш ва нерӯи илмию педагогии худро дар баланд бардоштани сифати таълим дареғ надоштаанд вобастагии калон дорад. Факултети технология ва соҳибкорӣ яке аз баззаҳои калонтарини тайёр намудани омӯзгорони технология дар миқёси ҷумҳурӣ ба шумор рафта дар давоми солҳои мавҷудияти худ зиёда аз даҳҳо ҳазор мутахассисонро омода намудааст. Дар айни замон он яке аз марказҳои таълимию методӣ, илмӣ ва боргоҳи тайёр намудани мутахассисони соҳаи технология дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба шумор меравад. Донишҷӯёни факултет дар ду шӯъба ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шуъбаи рӯзона ва шуъбаи ғоибона. Дар шуъбаи рӯзонаи факултет 256-нафар ва дар шӯъбаи ғоибонаи факултет бошад 370-нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ҳамзамон дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи факултет донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон таҳсил мекунанд. Дар факултет донишҷӯён асосан аз рӯи ихтисосҳои технология, технология ва нақшакашӣ, технология ва соҳибкорӣ, технология омӯзгор-муҳандис таълими касбӣ (агромуҳандисӣ), дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ омода карда шуда, ба онҳо аз рӯи касби омӯзгори технология, технология. Соҳибкорӣ, муҳандис агротехник, дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ диплом ва нишонаи сарисинаги дода мешавад. Шумораи донишҷӯёни факултет дар солҳои аввали таъсисёбиаш чунин мебошад. Соли 1975 дар факулта 362 нафар донишҷӯ таҳсил дошта бошад, дар соли 1981 ин теъдод ба 555 ва соли 1991 ба 1146 нафар расид. Айни ҳол дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултет 626 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.
|